ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - МАРҲИЛАИ НАВ БАРОИ ТАШАККУЛУ ИНКИШОФИ КИШВАРИ МО

Ваҳдати миллӣ рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта, ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд. Дар ин фархундарӯз тоҷикон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих бархӯрда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расида, боз якдилу якмаром гаштанд ва ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашида, зери “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзои муборак гузоштанд.

           

Маҳз ба шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот таъмин гардид ва хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуда, имконият ба вуҷуд омад, ки мо ба бунёди давлатдории навини худ оғоз бахшем.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июни соли 1997 барои иштирок дар музокироти тоҷикон ба шаҳри Москва сафар намуда, дар вохӯрӣ масъалаи вобаста ба имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

 

27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо имзои Созишнома марҳилае шуруъ мешавад, ки созишҳои ҳосилшуда ба таври умумӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳам иҷро мешаванд, ки ин ба моҷарои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳоро ба зодгоҳашон бармегардонад, барои инкишофи ҷомеаи демократӣ, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар, ки аз моҷарои бисёрсола хароб шудааст, шароит фароҳам месозад.

 

Дар маросими имзои Созишнома Президенти Федератсияи Россия Б.Н.Елсин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар И.М.Примаков, вазирони корҳои хориҷии Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур доштанд.

 

Дар маҷмӯъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо дигар ҷониб 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

 

Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

 

Қобили зикр аст, ки мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии  кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

 

Маҳз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тавонист, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён  шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллатро пазируфта, мавриди амал қарор дод. Натиҷаи ҳамаи ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрӯз дар кишвари мо амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо дар авҷ аст.

 

Ҳамватанони азиз, бо ин ҷашни тақдирсоз - “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳар яки Шуморо табрику муборакбод гуфта, бароятон хонаободӣ, сулҳу субот, оромӣ ва барои Тоҷикистони азизамон пешравиҳои назаррасро орзумандем.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ