Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май

«Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

Барои ҷавонони кишвар 23 май рӯзи таърихӣ ба ҳисоб рафта, маҳз бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 то инҷониб ин санаи фархунда ҷашн гирифта мешавад.

 

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони кишвари мо бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас ва арзишманд мегузоранд.

 

Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона адои  хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нигаҳдошти арзишҳои миллӣ саҳми басо назаррас доранд.

 

Ҷавонон инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад саҳми боризи худро гузошта, бо ин васила дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами Тоҷикистони соҳибистиқололамонро боло мебардоранд, ки ин ифтихор ва шарафи бузург аст.

 

Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзишӣ, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ҳамасола афзоиш ёфта истодааст, ки аз ободиву осудагӣ ва муттаҳидии мардуми саодатманду сарбаланди тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

 

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатӣ барои дастгирии наврасон ва ҷавонон хело нақши муҳим дорад, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварда, дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

 

Имрӯзҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон як зумра санадҳои меъёрӣ дар таҳрири нав қабул ва ба баъзе аз онҳо тағйиротҳои зиёд ворид гардид. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар таҳрири нав қабул гардидаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

 

Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёгони хеш арҷ гузоранд.

 

Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

 

Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллати худ ҳамеша омода бошанд.

 

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.

 

Ҳамзамон, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 дар Тоҷикистон ҳамчун «Соли ҷавонон» ҳар як ҷавонро вазифадор намуд, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш раванд.

 

Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину ќавиирода ва далеру шуҷоъи миллати тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодии миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат менамоянд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

 

Имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишвар саҳми ҷавонон басо арзишманд ба назар мерасад.

 

Ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҷавононро водор менамояд, ки барои Ватани азизу мардуми шарафманди худ содиқона хизмат намуда, ба андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравӣ ба тафаккури мардум роҳ надиҳанд.

 

Бо камоли эҳтиром ҳамаи љавонони кишвари маҳбубамонро бо ин рӯзи муҳим табрику шодбош намуда, барояшон барору комёбӣ, рӯзгори осуда, саломатии бардавом ва дар кори пешрафти Ватани азизамон бурдборӣ хоҳонем.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ