ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гардида, дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва самарабахши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз шаҳрҳои зебо ва муосир табдил ёфтааст. Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро ҷиҳати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро намуда, солҳои охир таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар масири рушди устувор қарор дорад.
Дар васфи шаҳри Душанбе зиёиёни кишвар асарҳои гуногуни пурмуҳтаво эҷод намуда, ба гулгулшукуфон ва ҳамешаҷавон будани он ишора мекунанд. Воқеан шаҳри Душанбе дар ҳаёт ва сарнавишти миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, шӯру шавқи ҷавонӣ ва даврони тиллоии ҷавонони кишвар маҳз дар ҳамин шаҳр мегузарад. Таҳлили афкор ва андешаи сокинону меҳмонони шаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ба як шаҳри зебо, амн ва гулгулшукуфон табдил ёфта, барои зиндагӣ ва кору фаъолият муҳити беҳтаринро фароҳам сохтааст.
Бо назардошти маркази сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будан солҳои охир дар шаҳри Душанбе як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардиданд, ки барои рушди устувори шаҳр заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки менеҷменти баландсифати шаҳрдорӣ ва рушди энергетикаи сабз боиси ташаккули экосистемаи муосири он гардидааст. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳои самарабахш имконият доданд, ки шаҳри Душанбе дар як давраи кӯтоҳ симои зоҳирӣ ва инфрасохтори худро куллан таѓйир дода, ҳамчун мисоли равшани инъикоси рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол баромад кунад.
Мувофиқи арзёбии пажӯҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии он дар байни 142 давлати ҷаҳон мақоми аввалро ишѓол намуда, шаҳри Душанбе бошад, ба даҳгонаи шаҳрҳое шомил аст, ки амнияти шаҳрвандон таъмин аст. Дастоварди мазкур натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии давлат ва шаҳри Душанбе буда, дар ин замина ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар бояд дар ҳифз ва рушди пойтахти кишвари азизамон саҳмгузор бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем.
Вобаста ба ин, таҳти сарварии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии шаҳр навсозӣ шуда, шумораи зиёди бино ва иншооти таъиноти гуногун бунёд гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст.
Имрӯз ҳар як фарди кишвар бо ифтихор номи Душанберо ба забон оварда, пойтахти кишвари маҳбуби мо боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат мебошад. Дар ин росто ҳар як сокини пойтахт ва шахси огоҳ бояд дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва эҳтироми арзишҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ пешсаф бошад.
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Маркази матбуоти Агентӣ.