Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз идҳои бузург ва муқаддас, 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки он ҳамасола дар саросари кишварамон ботантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра халқи тоҷик таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву адолатпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллиамон, тавонист бо ҷаҳду талошҳои пайгиронаи хеш асосҳои давлати муосирро фароҳам созад ва Ватани азизу маҳбуби моро ба беҳтарин дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои зиёди дорои аҳамияти стратегӣ ноил гардонад.
Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ барои мо дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Истиқлолият рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо аст. Бинобар ин, мо шукрона аз он мекунем, ки соҳиби давлати мустақил ҳастем ва муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият - ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ рисолати ҷонии ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва бонангу номус буда мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳем кард.
Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулодда дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову Шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд.
Чи тавре маълум аст дар шароити ҳозираи ҷаҳонишавӣ инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна омилҳои ба зиндагии осоиштаи мардум ва Истиқлоли давлатии мо таҳдидкунанда, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, коррупсия ва ҷинояткории трансмиллиро маҳкум ва пешгирӣ намуда, талошҳои созанда намоем ва дар таҳкими Истиқлоли комили давлатӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳиссагузор бошем.
Чӣ тавре ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон зарари зиёде ба давлат, ҷамъият ва ба ҳар як шаҳрванду ҳар як инсон мерасонад. Зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некӯаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллату давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро заиф мегардонад.
Пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, гирифтани пеши роҳи шиддати он ва дар ниҳоят паст кардани сатҳи он, яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ кафолати ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, расидан ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва ба ин васила беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум аз ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, ҳар як фарди вастандӯсту хештаншиносро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос бошад ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар таъмини амнияти давлатӣ ва иқтисодии кишвар, ошкор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ кӯшишу ғайрати худро дареғ надошта, бо дасту дили пок фаъолият намояд ва дар таҳкими пояҳои давлатдории халқи тоҷик ҳиссаи сазовори худро гузорад.
Дар дастовардҳои Истиқлолият албатта саҳми ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҳиссаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ назаррас мебошад ва минбаъд низ мо бояд, ки тамоми саъю кӯшиш, донишу таҷрибаи касбии худро баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон равона намоем.
Мутмаин ҳастем, ки фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат бо ҷонфидоиву меҳнати софдилона ва садоқатмандона ҷавоб дода, бо азму иродаи қавии худ ин Ватани биҳиштосову беназирро боз ҳам ободу зеботар гардонида, бунёди ҷомеаи комилан адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таъмин менамоянд.
Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.
Мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.
Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.
Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул ва амали гардида истодааст.
Аз ҷумла, бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, 8 март – ҳамчун «Рӯзи Модар» эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.