Аз 15 то 17 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» доир гардид.

Дар чорабинӣ таклифу пешниҳодҳо ва тавсияҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои калидӣ, аз ҷумла пешгирии коррупсия, таҳкими назорати ҷамъиятӣ, ҷорӣ намудани имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ-рақамӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.

Фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ имкон дод, ки чораҳои муосири муқовимат ба коррупсия муайян гардида, он дар бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба соҳаҳои осебпазир ҷойгир карда шаванд.

Ҳамин тариқ, дар асоси таклифу пешниҳодҳои воридшуда тарҳи ниҳоии лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» таҳия гардида, он барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор манзур карда мешавад.

Дар фарљом аз ҷониби иштирокчиён изҳори боварӣ карда шуд, ки «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат барои аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия, боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии мардум, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ бевосита заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ