Бо мақасади тақвият бахшидани фаъолияти мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия ва густариши робитаҳои байналмилалӣ ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи: Баланд бардоштани иқтидори шахсони тамос ҷиҳати гузаронидани худбаҳодиҳии даври дуюми татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва дар ҷаласаи 16-уми гурӯҳи кории Конференсияи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки аз 12 то 20 июни соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар чорабинии нахуст намояндагон аз мақомоти зиддикоррупсионии зиёда аз 40 кишвари дунё иштирок намуда, дар рафти он аз ҷониби мутахассисони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ раванди гузаронидани худбаҳодиҳии даври дуюми татбиқи Конвенсия, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он, инчунин вобаста ба чораҳои муосир дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин суханоронӣ намуданд.
Чорабинии дигар ба танзими фаъолияти Конференсияи Конвенсияи СММ зидди коррупсия равона гардида, дар рафти он масъулин зиёда аз 80 давлатҳо ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои корӣ вобаста ба фаъолияти гурӯҳи корӣ, таъмини иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Конференсия, муқовимат ба коррупсияи муташаккил, ҳимояи хабаррасонҳо, шаффофияти мақомоти судӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштироки ҳайати мақомот дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои тақвияти фаъолияти кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ