14 октябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассиси байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раймундас Калесникас семинари маҷозӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар семинари болозикр кормандони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ ва масъулини самти муқовимат ба коррупсияи воҳидҳои сохтории маҳалливу минтақавии мақомот, аз ҷумла раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Бохтар иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ мутахассиси байналмилалӣ Раймундас Калесникас тибқи барнома баромад намуда, оид ба муқарраркунии сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Литва: таҷрибаи пешқадам, методикаи муқарраркунӣ ва пешниҳодҳо барои Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми муқарраркунии сатҳи коррупсия андешаронӣ намуд.

Дар интиҳои семинар аз тарафи кормандони Агентӣ вобаста ба мавзӯи баррасишуда саволҳо пешниҳод гардида, номбурда ба онҳо посухҳои дахлдор манзур намуд.

Семинари баргузоргардида ҷиҳати аз худ намудани донишу малакаи нав, омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешрафта заминаи дахлдор гузошта, барои такмил додани донишу таҷрибаи кормандони мақомот мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Агентӣ