Санаи 16-17 феврали соли 2026 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фаъолияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шиносоӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар доираи сафари корӣ ҳайати мақомот раванди амалигардонии платформаҳои электронии «Низоми арзёбии рейтингии тадбирҳои зиддикоррупсионӣ», «Портали пок» ва дигар чораҳои муосири зиддикоррупсиониро аз тарафи ин ниҳод мавриди омӯзиш қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки платформаҳои мазкур ба таъмини шаффофият, густариши иқтидори ниҳодҳои давлатӣ дар муқовимат ба коррупсия, назорати ҷамъиятӣ ва паст кардани шиддати ин зуҳурот равона гардида, дар назар аст, ки чораҳои зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давра ба давра амалӣ карда шаванд.

Маркази матбуоти Агентӣ