16 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сурат гирифт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми барномавӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эътироф гардида, суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат боиси баланд шудани масъулият ва ҳисси милливу ватандустӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат арзёбӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок медиҳанд, ки дар заминаи онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул карда мешаванд, ки барои баланд гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, соҳаи мудофиаи мамлакат, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварро лозим аст, ки бо бо як масъулияти баланд супоришу роҳнамоиҳои Пешвои миллатро, ки ҳангоми ироаи Паём баён мегарданд, ҳамчун дастури афзалиятнок ва барномаи кории асосии худ қабул намуда, барои босифат ва дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо тамоми тадбирҳои муассирро амалӣ созад.
Маврид ба зикр аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»-ро ҳамаи кормандони воҳидҳои сохтории маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамошо намуданд.
Кормандони Агентӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Маркази матбуоти Агентӣ