Форуми байналмилалӣ дар мавзўи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввал ва намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ, намояндагони мақомоти салоҳиятдори муқовимат ба коррупсияи ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, созмонҳои байналмилалӣ, сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ ва доираи васеи соҳибкорону ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Бо таъкид ба аҳамияти таъмини шаффофият, адолат ва рақобати солим дар фаъолияти тиҷоратӣ, бо дарки он ки коррупсия дар соҳаи тиҷорат ба рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва эътимоди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, такя ба талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳо, санадҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, Нақшаи истанбулии мубориза бо коррупсияи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, иштирокчиёни Форум қайд менамоянд:

1. Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими муҳити мусоиди соҳибкорӣ мебошад.

2. Ҳамкории мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва ошкорсозии амалҳои коррупсионӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

3. Татбиқи механизмҳои шаффофи идоракунии молиявӣ, хариди давлатӣ ва фаъолияти корпоративӣ ба коҳиши хавфҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

4. Истифодаи васеи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиҷорат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ аҳамияти хоса дорад.

Иштирокчиён изҳори омодагӣ менамоянд, ки:

1. Чораҳои ҳамоҳангшудаи миллӣ ва байналмилалиро ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат тақвият бахшанд;

2. Табодули таҷрибаҳои пешқадам, иттилоот ва технологияҳои рақамиро барои баланд бардоштани шаффофият густариш диҳанд;

3. Ҷиҳати ташаккул ва мустаҳкам гардидани масъулияти корпоративӣ, ахлоқи баланди тиҷоратӣ, риояи бечунучарои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ мусоидат намоянд;

4. Мавқеи субъектҳои бахши хусусиро дар самти муқовимат ба коррупсия афзун гардонанд.

Бо назардошти натиҷаи кори Форум ва тавсияву пешниҳои манзургардида иштирокчиёни Форум даъват менамоянд:

  1. Мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, субъектҳои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тақвияти мунтазам ва самарабахши заминаи ҳуқуқиву ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ҳамкории зичу муттаҳидона ва ҳадафмандонаро амалӣ намоянд.
  2. Бахши хусусӣ фаъолияти худро ба риояи доимию қатъии принсипҳои шаффофият, ҳисоботдиҳии оммавӣ ва стандартҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ мутобиқ гардонида, механизмҳои дохилии назорати риояи онҳоро таҳким бахшад;
  3. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули маърифати баланди зиддикоррупсионии намояндагони бахши хусусӣ ва таблиғи дастоварди давлат дар самти муқовимат ба коррупсия нақши пешбар ва фаъол дошта бошанд;
  4. Таҷрибаи истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ зимни амалигардонии ҳама гуна хизматрасонӣ ва иҷрои кор бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ тақвият дода шавад.

Иштирокчиён изҳори боварӣ менамоянд, ки татбиқи натиҷаҳои Форум ба рушди муназзам ва таъмини миҳити шаффоф дар тиҷорат, таҳкими нуфузи корӣ, коҳиш додани хавфҳо ва талафоти иқтисодӣ, баланд бардоштани эътимоди шарикон ва муштариён мусоидат хоҳад кард.

Изҳороти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва бо мувофиқаи умум қабул гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ