Санаи 9 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисорро ба истифода доданд.

Қобили зикр аст, ки иншооти мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сохта ба истифода дода шудааст.

Бинои шуъба бо истифода аз тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шуда, он аз бинои асосии дорои 3 ошёна, таҳхона ва бинои иловагӣ иборат буда, масоҳати умумии иншоот 1000 м2-ро ташкил медиҳад.

Таҳхонаи бинои шуъба аз толори варзишӣ, ошхона, бойгонӣ ва анборхона иборат мебошад, ки ҳамаи утоқҳо бо лавозимотҳои зарурӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар варзишгоҳи бино тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим ва обу тоб додани саломатии кормандони шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муҳайё карда шуда, ошхонаи бино барои омода намудани таъом ва истеъмоли он дорои тамоми лавозимоту таҷҳизотҳои зарурӣ аст. 

 Дар ошёнаи якум ва дуюми бино 10 утоқи корӣ мавҷуд буда, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва 5 утоқи корӣ, ошёнаи дуюми бино бошад аз 5 утоқи корӣ иборат мебошад. Утоқҳои корӣ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ буда, дар онҳо тамоми таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ ва шароити мусоид барои анҷом додани фаъолияти пурсамари кормандони шуъба фароҳам гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини шароити зарурӣ ба кормандон дар ошёнаи 3-уми бино се хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмири замонавӣ дошта, бо тамоми лавозимотҳои рӯзғор муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар заминаи ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани донишу малакаи кормандон дар ҳудуди бинои шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бинои алоҳида бо маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил карда шуда, он бо адабиётҳои гуногуни ҳуқуқиву соҳавӣ таъмин гардидааст.

Маҷлисгоҳи шуъба барои баргузор намудани маҷлисҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад.

Сохтмони бинои шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор пурра аз тарафи пудратчиёни ватанӣ сохта ба истифода дода шуда, дар рафти он сокинони шаҳри Турсунзода бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва сохтмони иншооти мазкур барои кормандони мақомоти Агентӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо бинои шуъба бо кормандони он ҳамсуҳбат шуда, дастури ҳидоятҳои худро роҷеъ ба хизмати софу покдилона ба халқу миллат, таъмини амнияти иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткориро дода, иншоти навро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа маънидод карданд.

Боиси сарфарозист, ки бинои нави шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ифтитоҳ гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ