Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию поксозӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр пайваста чораҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Дар ин ҷода моҳи феврали соли ҷорӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, аз ҷумла поксозии боқимондаҳои баргреза, партовҳо ва растаниҳои бегона дар ҳудуди бинои маъмурӣ ва гирду атрофи он ба шанбегии дастаҷамъона иштирок намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз тарафи масъулини раёсат дар атрофи шаҳри Кӯлоб маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он дар умум 1400 адад ниҳолҳои гуногун бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ