5 марти соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши занон дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа» баргузор карда шуд. 
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш иштирокчиён атрофи масоили муқовимат ба коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии бонувону ҷавонон ва нақши занон дар мубориза бо ин падидаи манфур баромад намуда, байни маърӯзачиён атрофи масъалаҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Қайд гардид, ки нақши занон дар таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Зеро ҳассосияти онҳо ба адолат ва масъулият нисбат ба ояндаи фарзандон ва насли наврасу ҷавон ҳамеша баландтар аст.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш пеш аз ҳама баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи муқовимат ба коррупсия мебошад. 

Маркази матбуоти Агентӣ