4 ноябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд - Махсудзода Ф. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Дар идомаи чорабинӣ масъулини мақомот дар шакли рунамо (слайд) дар доираи мавзӯи баррасишаванда баромад карда, вобаста ба тарзу усулҳои коҳиш додани сатҳи ин паддаи номутлуб шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии мутахассисони соҳавӣ, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, арзёбӣ гашта, дар фарҷоми он байни иштирокчиён вобаста ба мавзӯи чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти Агентӣ