23 декабри соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бинои дастгоҳи марказии мақомот семинари маҷозӣ ташкил ва баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» гузаронида шуда, он ба омӯзиши раванди танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Зимнан, дар рафти семинари маҷозӣ аз тарафи шахсони масъули мақомоти Агентӣ ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мафҳум ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарзу усули амалисозии меъёрҳо ва муқаррароти қонун, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботҳои қонун, таҷрибаҳои пешрафта ва оқибатҳои мусбии қабули қонуни зикршуда барои шаҳрвандон фаҳмонида дода шуд.
Бояд кайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар қонуншиканиҳо ба ҳисоб рафта, чорабинӣ дар фазои дӯстонаву созанда анҷом ёфт.
Маркази матбуоти Агентӣ