27 январи соли 2026 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) мизи муддавари маҷозӣ дар мавзӯи «Мустаҳкам гардонидани механизми ҳимояи хабаррасонҳо дар Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи «Тақвияти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳо», ки он аз тарафи Агентӣ дар ҳабастагӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, гузаронида шуда, дар кори он масъулин ва мутахассисони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP), Комиссияи муқовимат ба коррупсия ва ҳимояи ҳуқуқҳои граждании Ҷумҳурии Корея ва Маркази сиёсии Сеули Барномаи рушди СММ ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо атрофи масъалаи татбиқи платформаҳои электронии «Арзёбии самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ» ва «Портали пок» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта муколамаи судманд анҷом доданд.

Қайд гардид, ки ҷорӣ кардани низомҳои мазкур барои таъмин намудани шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҳуқуқу озидиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷалби ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, ҷониби Комиссияи муқовимат ба коррупсия ва ҳимояи ҳуқуқҳои граждании Ҷумҳурии Корея омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба Агентӣ роҷеъ ба татбиқи иқдомоти болозикр иброз намуданд.

Маркази матуботи Агентӣ