15 январи соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва дар пайравӣ аз сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар «Боғи ғалаба»-и шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинониро дар сатҳи баланд барпо намуданд.
Чорабинӣ бо як ҳисси баланди ватандустӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуда, дар рафти он дар умум 1000 адад арчаҳои ҳамешасабз бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Иқдоми мазкур на танҳо ба сарсабзии муҳити атроф ва беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат менамояд, балки қадами устувор барои табдил додани шаҳри Душанбе ба «Шаҳри сабз» арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ