5 декабри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва меҳмонони даъватшуда конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Мубориза бо коррупсия — кори якҷоя», «Коррупсия — монеаи рушди ҷомеа», «Муқовимат ба коррупсия — омили пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум», «Пешгирии коррупсия — кафили субот ва шукуфоӣ» баромад карда, пас аз шунидани маърузаҳо байни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд барпо шуд.

Дар маҷмӯъ конференсия дар руҳияи илмӣ-мубоҳисавӣ гузашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он дар ташаккули муносибати қатъии ҷомеа нисбат ба падидаи коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Маркази матбуоти Агентӣ