20 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва масъулини мақомоти марказии соҳаи иқтисодӣ ва бонкии кишвар семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулини Агентӣ доир ба мазмуну моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030), инчунин натиҷаи мониторинги маҷмӯии ҷараёни иҷрои Стратегия ва Нақшаи чорабинии он бо ҷамъбасти панҷ соли фаъолият бо маъруза баромад намуда, дар рафти он ба ҳозирин роҳу усулҳои амалигардонии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва тартиби омодасозии Барномаи дохилиидоравии (соҳавии) зиддикорупсияонӣ фаҳмонида шуд.

Зимнан, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм солҳои (2026-2030) тамоми чорабиниҳои судмандро амалӣ намуда, ба ин васила баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Маркази  матбуоти Агентӣ