Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия моҳи майи соли 2026 бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва Айнӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон чорабиниҳои таблиғотии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуданд.
Дар чорабиниҳо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ маърӯзаҳо вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.
Қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи ниҳоди давлатӣ набуда, дар ин раванд бояд ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд ва танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Маркази матбуоти Агентӣ