Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ санаи 5 июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки роҳбарият ва кормандони ин ниҳод вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯзҳо вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва огоҳсозии ин зуҳурот, оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи мазкур мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ