Моҳи майи соли 2026 дар асоси Нақша - чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Душанбе сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои алоқамандро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ