Моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори маҷлисгоҳи ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо иштироки роҳбарият ва кормандони шуъбаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯзҳо вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва огоҳсозии ин зуҳурот, оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони саҳаи мазкур мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ