Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ моҳи майи соли 2026 дар толори маҷлистгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор карда шуд.  

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони раёсати Агентӣ, роҳбарияти шаҳр, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хоруғ баргузор гардида, дар рафти он доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ва шарҳи қонунгузории зиддикоррупсионии кишвар ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Вохӯрӣ дар сатҳи баланд сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ