ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

(10 декабри соли 1948 аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст)

 

ПЕШГУФТОР

 

Бо дарназардошти он, ки эътирофи шаъну шараф ба ҳамаи инсонҳо хос буда, ҳуқуқҳои баробар ва дахлнопазири онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст;

 

бо дарназардошти он, ки таҳқиру беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон боиси амалҳои ваҳшиёнае гардиданд, ки виҷдони инсониятро сахт озурда мегардонад ва бунёди чунин дунёе, ки дар он одамон дар сухан ва ақида озоданд ва аз тарсу эҳтиёҷ фориғанд, ҳамчун волотарин орзуи одамон эълон гардидааст;

 

бо дарназардошти он, ки ҳуқуқи инсон бояд тавассути қудрати қонун ҳимоя карда шавад, то инсон зидди зулму истибдод ба исён ҳамчун чораи охирин маҷбур нагардад;

 

бо дарназардошти он, ки мусоидат барои густариши муносибатҳои дўстонаи миёни халқҳо зарур аст;

 

бо дарназардошти он, ки халқҳои Милали Муттаҳид боварии худро ба асосҳои ҳуқуқи инсон, шараф ва қадру қимати шахсияти инсон ва баробарҳуқуқии марду зан дар Оиннома тасдиқ кардаанд ва қарор додаанд, ки ба пешрафти иҷтимоӣ ва беҳтаршавии шароити зиндагӣ дар муҳити дорои озодии бештар мусоидат менамоянд;

 

бо дарназардошти он, ки давлатҳои аъзо уҳдадор шудаанд дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои эҳтиром ва риояи ҳаматарафаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ мусоидат менамоянд;

 

бо дарназардошти он, ки дарки ҳамаҷонибаи хусусияти ин ҳуқуқу озодиҳо барои иҷрои пурраи ин уҳдадорӣ аҳамияти бузург дорад,

 

Ассамблеяи Генералӣ

ҳамин Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро ҳамчун вазифаи тамоми халқҳо ва тамоми давлатҳо эълон медорад, то ҳар фард ва ҳар мақомоти давлатӣ онро доимо дар мадди назар дошта бошад ва ҷидду ҷаҳд намояд, ки тавассути омўзишу таълим ва бо тадбирҳои пешрафтаи миллию байналмилалӣ эътирофу иҷрои ҳамаҷонибаю самарабахши онҳоро чӣ дар миёни халқҳои давлатҳои узви Созмон ва чӣ дар миёни халқҳои ҳудуди таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарордошта ба эҳтироми ин ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини онҳо мусоидат намояд.

 

Моддаи 1

Тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд.

 

Моддаи 2

Ҳap инсон бояд бидуни ҳеҷ тафовуте, аз ҷумла тафовути нажодӣ, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, ақидаҳои сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, табақотӣ ё вазъи дигар аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар ҳамин Эъломия эълон шудаанд, бархурдор бошад. Ғайp аз ин, вобаста ба вазъи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ё байналмилалии кишвар ё  ҳудуде, ки шахс ба он тааллуқ дорад, сарфи назар аз он, ки ин ҳудуд мустақил аст, таҳти васоят қарор дорад, худидора нест ё истиқлолияти он бо ягон тарз маҳдуд карда шудааст, набояд тафовуте гузошта шавад.

 

Моддаи 3

Ҳap инсон ба ҳаёт, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 4

Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё ҳолати ғайриозод нигоҳ дошта шавад; ғуломӣ ва ғуломфурўшӣ дар ҳамаи шаклҳои онҳо манъ аст.

 

Моддаи 5

Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи ў қарор дода шавад.

 

Моддаи 6

Ҳap инсон, сарфи назар аз макони буду бошаш ҳуқуқ дорад ҳамчун субъекти ҳуқуқ эътироф карда шавад.

 

Моддаи 7

Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробар аз қонун ҳуқуқ доранд. Ҳамаи одамон аз табъизе, ки хилофи ҳамин Эъломия мебошад ва таҳрики табъиз аз кадом ҷонибе, ки набошад, ба ҳимояи баробар ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 8

Ҳap инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосиаш, ки дар Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи ҳуқуқҳояш аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 9

Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарға кардан мумкин нест.

 

Моддаи 10

Ҳap инсон барои муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоснокии айбдоркунии ҷиноятие, ки ба ў эълон шудааст, дар асоси баробарии пурра ҳуқуқ дорад, ки парвандаи ў ба тарзи ошкоро ва бо риояи ҳама талаботи адолат аз тарафи суди мустақил ва беғараз баррасӣ карда шавад.

 

Моддаи 11

  1. Ҳap инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят айбдор дониста мешавад, ҳуқуқ дорад бегуноҳ ҳисобида шавад, то замоне, ки гуноҳаш бо тартиби муқарраркардаи қонун дар мурофиаи ошкорои судӣ, ки дар он барои ҳимояи ў тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, исбот нагардад.

 

  1. Ҳеҷ кас барои содир кардани амал ё беамалие, ки ҳангоми содир шудани онҳо мувофиқи қонунҳои миллӣ ё ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиноят ҳисоб намешуд, маҳкум карда намешавад. Ҳамчунин ҷазои вазнинтар таъин кардан мумкин нест нисбат ба ҷазое, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят мумкин буд, таъин карда мешуд.

 

Моддаи 12

Ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҳеҷ як кас дахолати худсарона намудан ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, шаъну эътибори ў худсарона суиқасд кардан мумкин нест. Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди чунин мудохила ё суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд.

 

Моддаи 13

  1. Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад кунад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад.

 

  1. Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад.

 

Моддаи 14

  1. Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷўяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд.

 

  1. Аз ин ҳуқуқ истифода бурдан мумкин нест, агар таъқибот воқеан дар асоси ҷинояти ғайрисиёсӣ ё кирдори мухолифи мақсаду аслҳои Созмони Милали Муттаҳид бошад.

 

Моддаи 15

  1. Ҳap инсон ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ дорад.

 

  1. Ҳеҷ кас набояд худсарона аз шаҳрвандӣ ё аз ҳуқуқи тағйир додани шаҳрвандӣ маҳрум карда шавад.

 

Моддаи 16

  1. Мардон ва заноне, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳуқуқ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ никоҳ банданд ва оила барпо намоянд. Онҳо дар вақти бастани никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он ҳуқуқҳои барорбар доранд.

 

  1. Никоҳ танҳо дар сурати ризоияти озод ва пурраи ҳарду тарафи никоҳшаванда баста шавад.

 

  1. Оила қисми табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 17

  1. Ҳар инсон ҳуқуқ дорад молу мулкро чӣ шахсан ва чӣ якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд.

 

  1. Ҳеҷ кас набояд аз молу мулки худ худсарона маҳрум карда шавад.

 

Моддаи 18

Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ тағйири озодонаи дини худ ё эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чӣ бо тариқи инфиродӣ ва чӣ якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ таълим гирифтан, ибодат намудан ва иҷро кардани расму оинҳои динӣ ва маросимиро дар бар мегирад.

 

Моддаи 19

Ҳар инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ озодии бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, бо ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, ҷустуҷў, дастрасу интишор намудани маълумоту андешаро дар бар мегирад.

 

Моддаи 20

  1. Ҳар инсон ба озодии гирдиҳамоиҳои осоишта ва иттиҳодияҳо ҳуқуқ дорад.

 

  1. Ҳеҷ инсон набояд барои дохил шудан ба ягон иттиҳодия маҷбур карда шавад.

 

Моддаи 21

  1. Ҳар инсон ҳуқуқ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шуданд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд.

 

  1. Ҳар инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад.

 

  1. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад; ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра, бидуни сохтакорӣ, ба воситаи ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари баробар, ки овоздиҳии озодро таъмин менамоянд, ба амал бароварда шавад.

 

Моддаи 22

Ҳар инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва барои нигаҳдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, ки он ба воситаи саъю кўшиши миллию ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як давлат амалӣ мешавад.

 

Моддаи 23

  1. Ҳар инсон ба меҳнат, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳимоя аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.

 

  1. Ҳар инсон бидуни ягон табъиз барои кори баробар ба музди баробар ҳуқуқ дорад.

 

  1. Ҳар як коргар ба музди одилонаю қаноатбахш, ки зиндагии сазовори инсониро ба ў ва аҳли оилаи ў таъмин мекунад ва дар сурати зарурат бо дигар воситаҳои таъминоти иҷтимоӣ пурра гардонида шавад, ҳуқуқ дорад.

 

  1. Ҳар инсон ҳуқуқ дорад барои ҳимояи манфиатҳои худ иттифоқҳои касабаро созмон диҳад ва ба иттифоқҳои касаба дохил шавад.

 

Моддаи 24

Ҳар инсон ба истироҳату фароғат, аз ҷумла рўзи кории маҳдуди оқилона ва рухсатии даврагӣ пардохтшаванда ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 25

  1. Ҳар инсон бa чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла ба хўрок, пўшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некўаҳволии худи ў ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумшавӣ аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ў бa вуҷуд меоянд, ҳуқуқ дорад.

 

  1. Модариву кўдакӣ ба парасторӣ ва кўмаки махсус ҳуқуқ медиҳад. Ҳамаи кўдаконе, ки дар никоҳ ва ё берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд.

 

Моддаи 26

  1. Ҳар инсон ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсил бояд ройгон бошад, ҳадди ақал таҳсили ибтидоӣ ва миёна. Таҳсили ибтидоӣ бояд ҳатмӣ бошад. Таълими техникӣ ва касбӣ бояд дастраси ҳамагон бошад. Таҳсили олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас ба ҳама як хел дастрас бошад.

 

  1. Мақсади таълим бояд рушди хамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Таълим бояд ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, дўстии миёни тамоми халқҳо, гуруҳҳои нажодӣ ва мазҳабӣ, ҳамчунин бояд ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи нигоҳдории сулҳ мусоидат намояд.

 

  1. Волидайн бобати интихоби шакли таълим барои фарзандони хурдсоли худ ҳуқуқи аввалият доранд.

 

Моддаи 27

  1. Ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз санъат баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд.

 

  1. Ҳар инсон ба ҳимояи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи корҳои илмӣ, адабӣ ё бадеии ў мебошанд, ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 28

Ҳар инсон ба тартиботи ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Эъломия зикршуда пурра амалӣ шуда метавонанд, ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 29

  1. Ҳар инсон дар назди ҷомеае, ки танҳо дар он рушди озод ва инкишофи шахсияти ў имконпазир аст, уҳдадор мебошад.

 

  1. Ҳар инсон ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои худ ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки дар асоси қонун ва танҳо бо мақсади таъмини зарурии эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва некўаҳволии умумӣ дар ҷомеаи демократӣ муқаррар шудааст.

 

  1. Амалӣ гардонидани ин ҳуқуқу озодиҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд хилофи мақсаду принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид бошад.

 

Моддаи 30

Ҳеҷ як меъёри ҳамин Эъломия набояд барои додани ҳуқуқ ба ягон давлат, гуруҳ ё шахси алоҳида ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияте ё содир намудани амале, ки  барои аз байн бурдани ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Эъломия пешбинигардида равона мегардад, тафсир карда шавад.