Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «5» августи соли 2023, №357
Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038
|
№
|
Чорабиниҳо
|
Муҳлати иҷро (солҳо) |
Масъули иҷро |
Натиҷаҳои чашмдошт |
ДАСТГИРӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН |
||||
|
1. |
Мустаҳкам намудани фаъолияти котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (КҲИ) ва Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак тавассути гузаронидани таҳлил вобаста ба эҳтиёҷоти раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (захираҳои зарурии инсонӣ ва техникӣ) ва дар асоси он андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани фаъолияти котиботи комиссияҳо |
2023-2024 |
ДИП |
Котиботи комиссияҳо – раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони ДИП барои амалӣ намудани фаъолияташ дорои захираҳои зарурии инсонӣ, молиявӣ ва техникӣ мебошад |
|
2. |
Ташкили махзани ягонаи захиравии маълумоти оморӣ ва намуди дигари маълумот вобаста ба фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон (маълумоти омории давлатӣ, ҳисоботу таҳқиқот, робитаи пештара бо ниҳодҳои гуногуни СММ ва ғайра), ки ба ҳама шахсони масъул дастрас аст
|
2023-2025 |
ДИП |
Махзани ягонаи захираи маълумот, ки барои бунёди асоси институтсионалӣ ҷиҳати фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт имконият медиҳад, ташкил карда шуд, маълумоти ҷамъшудаи оморӣ ва маълумоти дигари зарурӣ имкон дод, ки онҳо ба таврӣ фаврӣ бо мақсади омода кардани гузоришҳои миллӣ ба мақомоти қарордодии СММ коркард карда шаванд ва мониторинги самаранокии татбиқи тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ таъмин гардид, шахсони тамоси вазорату идораҳо ба махзани маълумот дастрасӣ пайдо намуда, механизми самараноки ҳамкорӣ ва робитаи байни онҳо таъмин гардид |
|
3. |
Таҳияи методологияи ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот бо мақсади татбиқи тавсияҳои сохторҳои СММ ва мониторинги иҷрои тавсияҳо ва нақшаҳои амал |
2023-2025 |
ДИП, вазорату идораҳо |
Механизми ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот таҳия шуда, самаранокии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти зарурӣ дар самти ҳуқуқи инсон таъмин гардид ва сифати пешниҳоди маълумот ба сохторҳои СММ баланд бардошта шуд |
|
4. |
Гузаронидани омӯзиши пайваста дар самти ҳуқуқи инсон ва механизми иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон барои шахсони тамоси вазорату идораҳо оид ба ҳуқуқи инсон |
2023-2025 |
ДИП, вазорату идораҳо |
На камтар аз 10 чорабинии омӯзишӣ барои шахсони тамоси вазорату идораҳо дар самти ҳуқуқи инсон гузаронида шуд |
|
5. |
Мавриди омӯзиш қарор додани масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз нав дида баромадани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба тавсияҳои мақомоти қарордодии СММ дар робита ба мулоҳизаҳои мақомоти қарордодии СММ оид ба муроҷиатҳои инфиродӣ |
2021-2022 |
ДИП, ПГ, СО |
Аз натиҷаи омӯзиш барои такмили қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба имконияти аз нав дида баромадани парвандаҳои судӣ вобаста ба тавсияҳои мақомоти қарордодии СММ дар робита ба шикоятҳои инфиродӣ таклиф пешниҳод гардид |
|
6. |
Таъсис додани гурӯҳи корӣ дар назди КҲИ оид ба баррасии ҳамаи қарорҳои аз рӯйи шикоятҳои инфиродӣ қабулгашта ва андешидани чораҳои зарурӣ ва умумӣ оид ба татбиқи онҳо |
2023-2025 |
КҲИ |
Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, мулоҳизаҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, чораҳои мушаххас оид ба иҷрои онҳо андешида шуд |
|
7. |
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари ҷиҳати амалӣ гардонидани тавсияҳои Зеркумита оид ба аккредитатсияи Алянси глобалии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж |
2023-2024 |
ДИП, ВҲИ, ВА, ВМ, ВКХ |
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар назди ВҲИ лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи фаъолияти ВҲИ таҳия карда шуда, муҳокимаи васеъро гузаштанд ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи фаъолияти ВҲИ мутобиқ ба Принсипҳои Париж қабул карда шуданд |
|
8. |
Андешидани чораҳои зарурӣ оид ба мустаҳкам намудани иқтидори мақоми ВҲИ тавассути гузаронидани таҳлил вобаста ба эҳтиёҷоти дастгоҳ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар маҳалҳо |
2023-2025 |
ВҲИ, ДИП, ВМ |
Таҳлил гузаронида шуда, эҳтиёҷоти дастгоҳ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ муайян карда шуданд |
|
9. |
Таҳия ва пешниҳоди таклифҳои мушаххас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба зиёд намудани захираҳои инсонӣ ва воситаҳои молиявӣ барои фаъолияти самараноки мақоми ВҲИ, марҳила ба марҳила ба буҷети давлатӣ гузаронидании маблағҳои қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ ва аз ҳисоби буҷети марказӣ маблағгузорӣ шудани сохторҳои маҳаллии мақомот |
2023-2025 |
ВҲИ, ДИП, ВМ |
Таклифҳои мушаххас вобаста ба захираҳои инсонӣ, молиявӣ ва техникӣ барои фаъолияти самараноки мақоми ВҲИ таҳия карда шуданд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод гардиданд ва буҷети ВҲИ пайваста зиёд карда шуд |
|
10. |
Зиёд намудани воҳидҳои корӣ, таъсиси сохторҳои иловагии махсусгардонидашуда, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии мақоми ВҲИ |
2023-2024 |
ВҲИ, ВМ |
Пас аз қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ВҲИ-ро ба сифати мақоми ваколатдор пешбинӣ мекунанд, сохторҳои иловагии махсусгардонидашуда бо ҳайати зарурӣ, захираҳои молиявӣ ва техникӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда ташкил карда шуданд |
|
11. |
Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ барои кормандони дастгоҳи ВҲИ, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва намудҳои фаъолият барои ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ |
2023-2025 |
ВҲИ |
На камтар аз 10 чорабинии омӯзишию маърифатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронида шуд |
|
||||
|
12. |
Омӯзиши масъалаи тасдиқ (ратификатсия)-и Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) |
2023-2024 |
ДИП, ВКХ, ПГ |
Аз натиҷаи омӯзиш таклифҳо дар хусуси тасдиқ (ратификатсия)-и Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲШС пешниҳод карда шуд |
|
13. |
Баррасии масъалаи хориҷ кардани ҷазои қатл ҳамчун намуди ҷазои ҷиноятӣ аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2025 |
ДИП, ПГ |
Аз натиҷаи баррасӣ таклифҳо пешниҳод карда шуд |
|
14. |
Таҳия намудани низоми самараноки пешбурди маълумоти оморӣ оид ба ҳамаи ҳолатҳои маҳрум намудан аз ҳаёт, аз ҷумла ба қайд гирифтани ҳолатҳои марг, тафтиш, таъқиб ва қарорҳои судӣ дар мақомоти давлатии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷойҳои дастгиршавии пешакӣ ва нигоҳ доштан дар маҳбас, мақомоти тафтишотӣ ва низоми судӣ |
2023-2025 |
ПГ, СО, ВА, ВКД, КДАМ, АНМН, АНДММК |
Низоми пешбурди маълумоти оморӣ таҳия карда шуда, самаранок фаъолият дорад
|
|
15. |
Такмили қонунгузорӣ дар бораи истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон |
2023-2025 |
ПГ, ВКД, КДАМ, АНДММК, АНМН, ВА |
Қонугузорӣ дар бораи истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон тибқи стандартҳои байналмилалӣ такмил дода шуд |
|
16. |
Таҳия намудани роҳнамои методӣ/дастур оид ба тафтиши пурра, ҳаматарафа ва холисонаи ҳама ҳолатҳои аз ҳаёт маҳрум намудан, аз ҷумла дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар маҳбас ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ |
2023-2025 |
ПГ, ВКД, КДАМ, АНДММК, АНМН, ВА |
Роҳнамои методӣ/дастури таҳия ва қабул шуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо ҳуҷҷати қабулшуда шинос гардида, онро дар фаъолияти амалии худ истифода мебаранд |
|
17. |
Гузаронидани курсҳои мунтазами такмили ихтисос барои судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва адвокатҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба ҳаёт, тафтиши пурра, ҳаматарафа ва самараноки ҳамаи ҳолатҳои аз ҳаёт маҳрум намудан, аз ҷумла масъалаҳои истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон |
2023-2025 |
ПГ, ВКД, КДАМ, АНДММК, АНМН, ВА, ВҲИ, СО, ИА |
Низоми такмили тахассуси мақомоти давлатӣ барномаи омӯзиширо оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба ҳаёт, тафтиши пурра, ҳаматарафа ва холисонаи ҳама ҳолатҳои аз ҳаёт маҳрум намудан, аз ҷумла масъалаҳои истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон таҳия намуда, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва адвокатҳо аз омӯзиш вобаста ба масъалаҳои зикргардида гузаштанд |
|
18. |
Таҳия ва қабули қарори Пленуми СО дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси аз ҳаёт маҳрум намудан |
2023-2025 |
СО ва ПГ |
Қарори Пленуми СО дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси аз ҳаёт маҳрум намудан қабул гардида, судяҳо бо матни қарори Пленуми СО шинос шуданд |
|
19. |
Ба анҷом расонидани сохтмони ташхисгоҳи ДНК-и банақшагирифташуда дар шаҳри Душанбе |
2023-2025 |
ВТҲИА, ВА |
Ташхисгоҳи ДНК-и банақшагирифташуда дар шаҳри Душанбе сохта шуда, ба фаъолият шуруъ намуд |
|
20. |
Гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои мустаҳкам намудани иқтидори экспертизаҳои судӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба ҳаёт, аз ҷумла Протоколи Миннесота оид ба тафтиши эҳтимолии ғайриқонунӣ аз ҳаёт маҳрум намудан |
2023-2025 |
ВТҲИА, ВА |
Барномаи чорабиниҳои омӯзишӣ барои коршиносҳои тиббӣ-судӣ аз рӯйи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба ҳаёт таҳия карда шуда, аз рӯйи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба ҳаёт тренинг ва курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд |
|
21. |
Ташкил намудани махзани маълумоти ДНК барои оилаҳои шахсоне, ки бенишон гум шудаанд |
2023-2025 |
ВТҲИА, ПГ |
Махзани маълумот ташкил шуда, дар назди лабораторияи ДНК дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст |
|
22. |
Омӯзиши масъалаи ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани меъёри мушаххас дар бораи манъи ғайбзании иҷборӣ ва муқаррар намудани ҷавобгарии дахлдор мутобиқ ба хавфнокии ин ҷиноят, ки он бояд намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳар як шахсе, ки ба амали ғайбзанӣ ва ё иҷрои он водор мекунад, кӯшиши содир кардани он, ҳамчун шарик ё иштирокдор амал мекунад, ҷавобгарии ҷиноятии фардии сардорон ва ё шахсони мансабдори болоистода барои чунин ҷиноят ва қайди возеҳе, ки нопадидшавии маҷбурӣ ҷинояти давомдорест, ки нисбати он афв, масуният ва муҳлати даъво татбиқ карда намешавад |
2023-2025 |
ДИП, ПГ |
Аз натиҷаи омӯзиш таклифҳо оид ба такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд |
|
||||
|
23. |
Такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мутобиқ ба талаботи Конвенсияи зидди шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф |
2023-2025 |
ПГ, СО, ВА |
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, муҳокимаи васеъро гузаштанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид карда шуданд |
|
24. |
Таҳия ва қабули санади қонунгузорӣ дар бораи экспертизаи ғайридавлатӣ |
2023-2025 |
ВА, ПГ, СО |
Лоиҳаи қонун таҳия карда шуда, муҳокимаи васеъро гузашт ва қонун дар бораи экспертизаи ғайридавлатӣ қабул карда шуд |
|
25. |
Таҳияи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии механизми муқовимати самаранок ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа ва муносибати дигари бераҳмона |
2023-2025 |
ПГ, СО, ВА, ДИП, ВҲИ |
Таҷрибаи давлатҳои дигар оид ба ташкил (такмил)-и механизми самараноки муқовимат ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона омӯхта шуда, пешниҳодҳо оид ба механизми муқовимати самаранок ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона таҳия шуда, васеъ муҳокима гардиданд |
|
26. |
Амалӣ гардонидани чораҳо оид ба татбиқи механизми самараноки муқовимат ва тафтиши шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таъмин намудани механизм бо захираҳои зарурии техникӣ ва инсонӣ |
2025 |
ПГ |
Механизми самараноки муқовимат ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона татбиқ шуда истода, чораҳо оид ба таъмини механизм бо захираҳои зарурии техникӣ ва инсонӣ андешида шуда истодаанд |
|
27. |
Гузаронидани курсҳои тайёрӣ ва азнавтайёркунии кормандони мақомоти таҳқиқ ва тафтиш оид ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ |
2023-2025 |
ПГ, ВКД, АНДММК, АНМН |
Барномаи омӯзиш таҳия карда шуда, мунтазам такмил дода мешавад ва барои кормандони мақомоти таҳқиқ ва тафтиш оид ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ тренингҳо гузаронида шуданд |
|
28. |
Омӯзиши масъалаи тасдиқ (ратификатсия)-и Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (ПФ ба КЗШ) ва андешидани тадбирҳо оид ба ташкили механизми миллии пешгирӣ |
2023-2025 |
ВКХ, ВА, ВҲИ |
Аз натиҷаи омӯзиш таклифҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия)-и ПФ ба КЗШ пешниҳод гардида, барои ташкили механизми миллии пешгирӣ чораҷӯйӣ карда шуд |
|
29. |
Гузаронидани тренингҳо барои намояндагони мақомоти прокуратура, ВА, СИҶҶ ВА, ВТҲИА, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баланд бардоштани донишҳо оид ба ҳуқуқи шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ПФ ба КЗШ ва механизмҳои самараноки пешгирии шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ |
2023-2025 |
ВҲИ, ВА, ПГ, ВКД, АНМН, АНДММК, КДАМ, ВМД, ВТҲИА |
Барномаҳо барои омӯзиши намояндагони мақомоти прокуратура, ВА, СИҶҶ, ВТҲИА ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ таҳия карда шуданд ва на камтар аз 5 тренинг барои ҳар як гурӯҳ гузаронида шуд |
|
30. |
Таҳкими гурӯҳҳои назди ВҲИ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ тавассути гузаронидани тренингҳо оид ба ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва таҳияи расмиёти ташрифи гурӯҳи мониторингӣ ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ |
2023-2025 |
ВҲИ |
Тренингҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои мониторингӣ гузаронида шуданд ва гурӯҳҳои мониторингӣ мунтазам ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ташриф меоваранд |
|
31. |
Мунтазам такмил додани ихтисоси кормандони ВҲИ |
2023-2025 |
ВҲИ |
Кормандони ВҲИ оид ба масъалаҳои мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ аз тренингҳо гузаштанд ва онҳо мустақилона ва дар ҳайати гурӯҳи мониторингӣ аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мунтазам ташриф меоваранд, инчунин тавсияҳо аз рӯйи натиҷаҳои сафарҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ фиристода мешаванд ва иҷрои тавсияҳоро ВҲИ назорат мекунад |
|
32. |
Таҳияи механизмҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқтатбиқнамоии гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии шахсони дастгиршуда тибқи стандартҳои Протоколи Истанбул, ки бояд гузаронидани шаҳодаткунонии тиббӣ танҳо аз ҷониби табибони низоми тандурустӣ ва табибони хусусӣ, тартиби пешниҳод намудани протоколи шаҳодаткунонии тиббӣ ва ё ташхиси таббӣ-судии шахсони дастгиршуда ҳангоми муайян кардани пайҳои зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ ба мақомоти прокуратура ва пешниҳоди нусхаи натиҷаи ташхис ба ҷабрдидагони шиканҷа ва адвокатҳои онҳоро дар бар гирад |
2023-2025 |
ВТҲИА, ПГ |
Пешниҳодҳо оид ба механизми самараноки гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии шахсони дастгиршуда тибқи стандартҳои Протоколи стамбулӣ таҳия карда шуданд ва мутобиқи пешниҳодҳои таҳияшуда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот дароварда шуда, ҳуҷҷатҳои дохилӣ қабул гардиданд |
|
33. |
Татбиқи барномаҳои омӯзишӣ оид ба стандартҳои Протоколи Истанбул (аз рӯйи фанҳои таълимӣ то ва баъдидипломии тайёркунии мутахассисони тиббӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ |
2023-2025 |
ВТҲИА, ВМИ |
Барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ аз рӯйи стандартҳои Протоколи Истанбул таҳия карда шуданд ва онҳо дар низоми тайёрии то ва баъдидипломии мутахассисони тиббӣ тасдиқ ва татбиқ карда шуданд |
|
34. |
Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои мақсадноки махсусгардонидашудаи кормандони тиббӣ, ки фаъолияташон бевосита бо шаҳодаткунонии шахсони дастгиршуда алоқаманд мебошанд |
2023-2025 |
ВТҲИА, ВКД, ВА, АНМН, АНДММК, ПГ |
Чорабиниҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои мақсадноки махсусгардонидашудаи кормандони тиббӣ, ки фаъолияташон бевосита бо шаҳодаткунонии шахсони дастгиршуда алоқаманд мебошанд, гузаронида шуданд |
|
35. |
Таҳияи қарори Пленуми СО оид ба масъалаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ, ки бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст |
2023-2025 |
СО |
Қарори Пленуми СО таҳия ва қабул карда шуд |
|
||||
|
36. |
Гузаронидани таҳлили амалия дар самти танзими кори агентиҳои хусусии шуғл бо мақсади бартараф намудани амалияи суйистифода ва қаллобӣ аз ҷониби ҷалбкунандагони қувваи корӣ ва агентиҳо оид ба таъмини кор ва аз рӯйи натиҷаҳои таҳлил ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории кишвар мутобиқ ба уҳдадориҳо аз рӯйи Протокли Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ)-2014 ба Конвенсияи ТБМ 29 дар бораи меҳнати маҷбурӣ |
2023-2025 |
ПГ, Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон, ВҲИ |
Таҳлил гузаронида шуда, таклифҳои мушаххас оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба уҳдадориҳо аз рӯйи Протоколи ТБМ-2014 ба Конвенсияи ТБМ-29 дар бораи меҳнати маҷбурӣ пешниҳод карда шуданд |
|
37. |
Ҷиноят эътироф намудани меҳнати маҷбурӣ ҳамчун таркиби алоҳидаи ҷиноят мутобиқ ба уҳдадориҳо аз рӯйӣ Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи ТБМ 29 дар бораи меҳнати маҷбурӣ |
2023-2025 |
ДИП, ВКД, ПГ, ВА |
Масъала баррасӣ гардида, дар мавриди дастгирӣ ёфтан дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои дахлдор пешбинӣ карда мешаванд |
|
38. |
Тасдиқ (ратификатсия)-и Конвенсияи ТБМ 181 (Конвенсия дар бораи агентиҳои хусусии шуғл) |
2023-2025 |
ВММША, ВКХ, ВА |
Конвенсияи ТБМ 181 (Конвенсия дар бораи агентиҳои хусусии шуғл) аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) гардида, эътибори қонунӣ пайдо намуд |
|
39. |
Ҷудо кардани захираҳои зарурии буҷетӣ барои фаъолияти самараноки паноҳгоҳҳо барои қурбониёни савдои одамон ва шаклҳои дигари ғуломии муосир |
2023-2025 |
ВММША, ВТҲИА, ВМ |
Маблағҳои буҷети ҳамасола барои дастгирии паноҳгоҳҳо барои қурбониёни савдои одамон ва шаклҳои дигари ғуломии муосир ҷудо карда мешаванд |
|
40. |
Таҳияи барномаи дастгирӣ ва барқарорсозии қурбониёни савдои одамон ва шаклҳои дигари ғуломии муосир |
2023-2024 |
ВКД, ВТҲИА, ПГ, ВММША |
Барнома таҳия ва қабул гардид |
|
||||
|
41. |
|
2023-2025 |
ПГ, ВКД, ВМД, КДАМ |
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, муҳокимаи васеъро гузаштанд |
|
42. |
Таҳия намудани феҳристи ягонаи расмӣ, ки дар он ба таври ҳатмӣ вақти дастгиркунӣ, сабаби дастгиркунӣ, номгӯйи шахсоне, ки дастгиркуниро амалӣ намудаанд, ҷойи дастгиркунӣ ва интиқоли минбаъда ва номгӯйи шахсоне, ки барои нигоҳдории дастгиршуда дар маҳбас масъуланд, дарҷ карда мешаванд |
2023-2025 |
ПГ |
Супоришоти техникӣ оид ба ташкил намудани феҳристи ягонаи расмӣ таҳия карда шуд, маблағгузории иловагӣ аз сарчашмаҳои беруна барои таҳияи феҳрист ҷӯстуҷӯ карда шуда, феҳрист ташкил карда шуд ва дар ҳолати санҷиш қарор дорад |
|
43. |
Таҳия намудани дастурамал ва қоидаҳо оид ба масъалаҳои муқовимати самаранок ва тафтиши ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқи шахсони дастгиршуда ва шахсони дар маҳбас нигоҳдошташаванда |
2023-2025 |
ПГ, КДАМ, ВКД, АНМН, АНДММК |
Дастурамал дар бораи дастгиркунӣ аз нав баррасӣ гардида, ба он вобаста ба қабул намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру илова ворид карда шуд, дастури методӣ (қоидаҳо) оид ба масъалаҳои муқовимати самаранок ва тафтиши вайронкунии ҳуқуқи дастгиршудагон ва шахсони дар маҳбас нигоҳдошташаванда таҳия ва қабул карда шуд |
|
44. |
Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ доир ба кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсон дар раванди дастгиркунӣ ва нигоҳ доштан дар маҳбас барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва адвокатҳо |
2023-2025 |
ПГ, ВКД, АНМН, АНДММК, ИА |
Мунтазам тренингҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва адвокатҳо оид ба кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсон дар раванди дастгиркунӣ ва нигоҳ доштан дар маҳбас гузаронида шуданд |
|
45. |
Идома додани такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои амалигардонии назорати судии қонунӣ ва асоснок будани нигоҳдорӣ дар маҳбас, аз ҷумла ҳангоми ҳалли масъала дар бораи иҷборан ҷойгир кардан дар беморхонаҳои касалиҳои руҳӣ, иҷозат додан ва амалигардонии дастрасии расмиёти паноҳандагӣ барои шахсони дар маҳбас ва ё ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳдошташаванда барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд |
2023-2025 |
ПГ, СО |
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, муҳокимаи васеъро гузаштанд |
|
||||
|
46. |
Таҳия ва қабули қарори Пленуми СО «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъини ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ» |
2023-2025 |
СО |
Қарори Пленуми СО вобаста ба масъалаи мазкур таҳия ва қабул шуд |
|
47. |
Такмили Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти табъиз накардани шахсони маҳкумшудаи гирифтори ВНМО, инчунин маҳкумшудагон - истеъмолкунандагони маводди нашъадор |
2023-2025 |
ВА, ДИП |
Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба тавсияҳои Комиссияи глобалии СММ оид ба ВНМО ва ҳуқуқи инсон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд |
|
48. |
Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид намудани Қоидаҳои стандартии СММ оид ба муносибат бо занони маҳкумшуда (Қоидаҳои Бангкок) |
2023-2025 |
ВА, ККЗО |
Таҳлили қонунгузорӣ вобаста ба мутобиқати он ба Қоидаҳои стандартии СММ оид ба муносибат бо занони маҳкумшуда гузаронида шуд, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии СИҶҶ ВА ворид карда шуданд |
|
49. |
Ташкили барномаи омӯзишии ҳайати низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирии ВНМО дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз ҷумла санҷиши ихтиёрии ВНМО ва машваратдиҳӣ оид ба табобати зиддивирусӣ, табъиз накардани шахсони гирифтори ВНМО ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо назардошти муносибати гендерӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ дар байни кормандони маҳбасхонаҳо, аз ҷумла кормандони тиббӣ |
2023-2025 |
ВА, ВТҲИА, ВҲИ |
Семинарҳо дар асоси барномаи тасдиқшуда дар байни кормандони маҳбасхонаҳо, аз ҷумла кормандони тиб гузаронида шуданд
|
|
50. |
Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ вобаста ба масъалаи ихтиёрӣ ва махфӣ гузаштан аз санҷиш барои муайян кардани ВНМО барои пешгирии он дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо назардошти муносибати гендерӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ вобаста ба масъалаи пешгирии ВНМО миёни маҳкумшудагон дар ҳама муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти равиши гендерӣ |
2023-2025 |
ВА, ВТҲИА
|
Чорабиниҳои маърифатӣ вобаста ба масъалаи ихтиёрӣ ва махфӣ гузаштан аз санҷиш барои муайян кардани ВНМО ҷиҳати пешгирии он дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо назардошти муносибати гендерӣ ва тренингу омӯзишҳои иттилоотӣ вобаста ба масъалаи пешгирии ВНМО миёни маҳкумшудагон дар ҳама муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муносибати гендерӣ гузаронида шуданд |
|
51. |
Таъмини дастрасии дастгиршудагон, маҳкумшудагони гирифтори ВНМО ва сил ба табобати ВНМО ва сил аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ |
2023-2025 |
ВА, ВТҲИА, ВМ |
Дастгиршудагон ва маҳкумшудагони гирифтори ВНМО ва сил дастрасии ба табобати ин бемориҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ доранд |
|
52. |
Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ |
2023-2025 |
ВА, ВҲИ |
Кормандони муассисаҳои ислоҳӣ мунтазам тренинг ва семинарҳо мегузаранд |
|
53. |
Таҳияи маводди иттилотӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир, ба монанди ноболиғони маҳкумшуда, занони маҳкумшуда, маъюбон, шахсони дорои нуқсони саломатӣ, шахсони гирифтори ВНМО ва ғайра |
2023-2025 |
ВА, ВҲИ |
Маводди иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таҳия карда шуда, миёни маҳкумшудагон паҳн карда мешаванд |
|
||||
|
54. |
Идомаи такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба баррасии судии одилона, аз ҷумла меъёрҳо оид ба таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазир, бахусус кӯдакон, маъюбон, занон ба адолати судӣ |
2023-2025 |
СО |
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, муҳокимаи васеъро гузаштанд, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ ба баррасии судии одилона мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои сохторҳои СММ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва қонунгузорӣ меъёри мушаххасро оид ба таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазир, бахусус кӯдакон, маъюбон ва занон ба адолати судиро дар бар мегирад |
|
55. |
Такмил додани қонунгузорӣ ва амалияи таъмини шаффофияти фаъолияти судӣ, дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, татбиқи истеҳсолоти судии электронӣ |
2023-2025 |
СО |
Қонунгузории соҳа такмил дода шуда, низоми истеҳсолоти судии электронӣ дар фаъолияти судҳо таҳия ва татбиқ карда шуд |
|
56. |
Таҳия ва татбиқи механизмҳои шаффофи интихоб ва озод намудани судяҳо |
2023-2025 |
СО |
Механизмҳои шаффофи интихоб ва озод намудани судяҳо мутобиқ ба стандартҳо байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд |
|
57. |
Татбиқи механизми баррасии парвандаҳо дар судҳо бо риояи принсипи ба таври худкор тақсим шудани онҳо, чоп намудани маълумот дар бораи ҷадвали парвандаҳо дар саҳифаи расмии интернетӣ |
2023-2025 |
СО |
Вазифаи техникӣ дар бораи ташкил кардани барномаи ба тариқи автоматикӣ тақсими парвандаҳо дар суд омода карда шуд, барнома таҳия ва дар судҳои ҶТ татбиқ карда шуд ва дар саҳифаи расмии интернетии судҳои ҶТ мунтазам маълумоти навшуда дар бораи ҷадвали парвандаҳо дар судҳо чоп мешавад |
|
58. |
Коркарди чораҳо барои чопи ҳатмии қарорҳои СО ва СОИ, инчунин судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар саҳифаи расмии интернетӣ |
2023-2025 |
СО, СОИ |
Ҳуҷҷатҳои дохилӣ дар бораи ҳатмияти чопи қарорҳои СО, СОИ, инчунин судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таҳия карда шуданд ва дар саҳифаҳои интернетии судҳо қарорҳои онҳо чоп карда мешаванд |
|
59. |
Ислоҳоти Коллегияи тахассусии судяҳо бо мақсади таъмини мустақилияти он, таъмин намудани фаъолияти кушода ва шаффофи он, ба Коллегияи тахассусии судяҳо додани ҳуқуқи мустақилона қабул намудани қарор дар бораи оғози парвандаҳои интизомӣ ва гузаронидани аттестатсияи тахассусии судяҳо |
2023-2025 |
СО |
Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобата ба фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо бо мақсади таъмин кардани мустақилияти онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд |
|
60. |
Такмил додани қонунгузорӣ дар бораи адвокатура бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти онҳо |
2023-2025 |
ВА, ИА, ПГ, СО |
Ба қонунгузорӣ дар бораи адвокатура тағйиру иловаҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои сохтори СММ ворид карда шуданд |
|
61. |
Баррасии масъалаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои монеа шудан барои аз ҷониби адвокатҳо амалӣ кардани вазифаҳои қонунии худ, вайрон кардани сирри адвокатӣ ва ё суйиистифода аз чораҳои махсуси тафтишотӣ ҳангоми баамалбарории дурусти уҳдадориҳои касбии қонунии худ
|
2023-2025 |
ВА, ПГ, СО, ИА |
Таклифҳо оид ба такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои монеа шудан барои аз ҷониби адвокатҳо амалӣ кардани вазифаҳои қонунии худ, вайрон кардани сирри адвокатӣ ва ё суйиистифода аз чораҳои махсуси тафтишотӣ ҳангоми баамалбарории дурусти уҳдадориҳои касбии қонунии худ пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд |
|
62. |
Идома додани фаъолият оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам намудани механизми назорати судии иҷрои санадҳои судӣ |
2023-2025 |
СО, СОИ, ХИ |
Ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд ва он пуррра ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат мекунад |
|
63. |
Мустаҳкам намудани иқтидори иҷрочиёни Хадамоти иҷро тавассути ташкил кардани чорабиниҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос ва таъмин намудани шароити корӣ, аз ҷумла нақлиёт, таҷҳизот ва захираҳои дигар |
2023-2025 |
ХИ, СО, СОИ, ВМ |
Иҷрочиёни судӣ мунтазам аз омӯзиш ва курсҳои такмили ихтисос мегузаранд ва захираҳои зарурӣ барои фаъолияти самараноки иҷрочиёни судӣ ҷудо карда мешавад |
|
64. |
Таъмини минбаъдаи васеъ намудани дастрасӣ ба низоми фаъолияти ёрии ҳуқуқӣ |
2023-2024 |
ВА, ВМ |
Шумораи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ (МЁҲ) дар саросари ҷумҳурӣ зиёд шуда, торафт шумораи зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони босифатро дар маҳалҳо пайдо мекунанд |
|
65. |
Таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюминдараҷа оид ба парвандаҳои гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар ҳамаи минтақаҳо |
2023-2025 |
ВА, ИА |
Меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи ёрии ҳуқуқии ройгони дуюминдараҷа оид ба парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ амалӣ карда шуда, самаранок фаъолият менамояд |
|
66. |
Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти МЁҲ барои таъмин намудани дастрасии доираи васеи шахсон ба ёрии ҳуқуқии ройгон |
2023-2025 |
ВА, ИА, СО, ВКД, АНДММК, АНМН, ПГ, ҶШ |
Дар ВАО мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти МЁҲ гузаронида мешаванд, маълумот дар бораи фаъолияти МЁҲ дар лавҳаҳои иттилоотӣ мақомоти судӣ, прокуратура, ВКД, АНДММК, АНМН ба забони давлатӣ ва забони ақаллиятҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст, варақаҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти МЁҲ бо забони давлатӣ ва забони ақаллиятҳои миллӣ таҳия ва паҳн карда мешаванд ва шумораи шахсоне, ки ба МЁҲ муроҷиат мекунанд, афзудааст |
|
67. |
Таҳия ва амалӣ гардонидани механизмҳои расонидани хизматрасониҳои сайёр ба гурӯҳҳои алоҳидаи осебпазир, аз ҷумла қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, маъюбон ва шахсони дигар, ки аз дастрасии ҷисмонӣ ба адвокатҳо ва ё таъминкунандагони дигари ёрии ҳуқуқӣ маҳрум мебошанд |
2023-2025 |
ВА, ИА, ҶШ |
Механизмҳои гуногуни расонидани хизматрасониҳои мобилӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи осебпазир, аз ҷумла қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, маъюбон ва ғайра таҳия карда шуда, самаранок фаъолият менамоянд |
|
68. |
Таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» |
2023-2025 |
ВА, СО, ВҲИ |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» таҳия гардида, қабул шуд |
|
||||
|
69. |
Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи озодии изҳори ақида бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳа барои такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур тибқи тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори СММ |
2023-2025 |
ВФ, ВКХ, ВА, ММҚ, ВҲИ
|
Пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи мазкур манзур карда шуданд |
|
70. |
Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи озодии муттаҳидшавӣ тибқи тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори СММ бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисон дар ин соҳа |
2023-2025 |
ВА, ММҚ, ВҲИ, КА
|
Пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи мазкур манзур карда шуданд |
|
71. |
Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи озодии эътиқод тибқи тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори СММ бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳа |
2023-2025 |
КДТА, ВА, ММҚ, ВҲИ |
Пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи мазкур манзур карда шуданд |
|
72. |
Баррасии масъалаи таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбии алтернативӣ» |
2023-2025 |
ВМД, КДТА, КДАМ, ВҲИ |
Масъалаи таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбии алтернативӣ» баррасӣ ва аз натиҷаи он таклифҳо манзур гардиданд |
|
73. |
Амалӣ намудани чорабиниҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа |
2023-2025 |
КДТА, вазорату идораҳо |
Чорабиниҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа гузаронида шуд |
|
74. |
Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, мустаҳкам кардани муколамаи байнидинӣ барои кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ |
2023-2025 |
КДТА |
Кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ ба тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд |
|
75 |
Мутобиқ намудани Тартиб дар бораи аккредитатсияи журналистони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2025 |
ВКХ |
Тартиб дар бораи аккредитатсияи журналистони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қабул шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад |
|
76. |
Коркарди ҳуҷҷатҳои стратегӣ барои инкишофи бозори ВАО |
2023-2025 |
ВФ, КТР |
Ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба инкишофи бозори ВАО таҳия гардида, маслиҳатҳои васеъ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронда шуд ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба инкишофи бозори ВАО қабул карда шуд |
|
77. |
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми СО аз 23 декабри соли 2011, №7 «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» |
2023-2025 |
СО |
Ба қарори Пленуми СО оид ба масъалаҳои мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд |
|
78. |
Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла таъмини шаффофияти қонунгузорӣ |
2023-2025 |
ММҚ, ВА, ПГ, ВҲИ |
Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, қонунгузорӣ дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба шаффофияти раванди қонунэҷодкунӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуд |
|
79. |
Гузаронидани омӯзиши мунтазами намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва журналистон оид ба масъалаҳои таъмини дастрасӣ ба иттилоот |
2023-2025 |
ВҲИ, вазорату идораҳо
|
Нақшаҳои гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот таҳия карда шуданд ва оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот мунтазам тренингҳо гузаронида мешаванд |
|
||||
|
80. |
Таҳия (такмил)-и қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз |
2023 |
ДИП, ВА, ПГ, ККЗО, ВҲИ |
Лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҶТ омода карда шуда, бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ васеъ муҳокима гардид, тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва стандартҳои байналмилалӣ ворид карда шуданд |
|
81. |
Таҳким (ташкил)-и мақомоти махсусгардонидашуда оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз, аз ҷумла таъминоти техникӣ, инсонӣ ва барномаи тайёр кардани мутахассисон |
2023-2025 |
ВҲИ, ВМ |
Дар дастгоҳи ВҲИ шуъба оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз ташкил гардида, он бо захираҳои кофии техникӣ ва инсонӣ барои фаъолияти самаранок муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва кормандони шуъба омӯзиши заруриро барои самаранок амалӣ намудани фаъолият гузаштанд |
|
82. |
Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва табъиз накардан миёни намояндагони мақомоти давлатӣ |
2023-2025 |
ВҲИ, вазорату идораҳои дахлдор |
Барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос оид ба масъалаҳои баробарӣ ва табъиз накардан барои кормандони мақомоти давлатӣ бо назардошти фаъолияти касбии онҳо таҳия карда шуд ва тренингу семинарҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва табъиз накардан гузаронида шуданд |
|
83. |
Гузаронидани чорабиниҳои васеи маърифатию маълумотӣ барои аҳолӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва табъиз накардан, инчунин оид ба қонунгузории нав дар бораи манъи табъиз |
2023-2025 |
ВҲИ, вазорату идораҳои дахлдор |
Чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ барои аҳолӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва табъиз накардан таҳия карда шуда, тавассути радио ва телевизион, ВАО-и чопию электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин тавассути вохӯриҳо бо аҳолӣ паҳн карда мешаванд |
|
84. |
Мавриди баррасӣ қарор додани таҳия ва қабули қарори Пленуми СО оид ба масъалаҳои баррасии парвандаҳои маъмурӣ, маданӣ ва ҷиноятии ба табъиз алоқаманд |
2023-2024 |
СО |
Таҳия ва қабули қарори Пленуми СО оид ба масъалаҳои баррасии парвандаҳои маъмурӣ, маданӣ ва ҷиноятии ба табъиз алоқаманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд |
|
85. |
Гузаронидани тренингҳои мунтазам оид ба масъалаҳои муқовимат, баррасӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии ба табъиз алоқаманд барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва адвокатҳо |
2023-2024 |
ВҲИ, ПГ, ВКД, КДАМ, АНМН, АНДММК, ИА |
Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва адвокатура мунтазам тренингҳо ва семинарҳо гузаронида мешаванд |
|
86. |
Баррасии масъалаи бознигарии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои сироят кардан бо сирояти ВНМО |
2023 |
ПГ, ДИП
|
Аз натиҷаи бозбинӣ таклифҳои дахлдор оид ба такмили Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод карда шуд |
|
87. |
Такмили Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси тандурустӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо мақсади риояи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагоникунанда |
2025 |
ВТҲИА, ПГ, ДИП |
Тағйироти дахлдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд |
|
88. |
Таҳияи барномаҳо ва гузаронидани омӯзишҳо барои судяҳо, прокуророн, муфаттишон ва таҳқиқбарандагон оид ба риояи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагоникунанда |
2023-2025 |
СО, ПГ, ВКД, ГКНБ |
Барномаҳо таҳия ва қабул шуда, омӯзишҳо гузаронида шуданд
|
|
89. |
Гузаронидани омӯзиш барои адвокатҳо вобаста ба масъалаи пешгирии ВНМО ва риояи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагоникунанда |
2024-2025 |
ВТҲИА, ВА ва ИА |
Омӯзишҳо гузаронида шуданд
|
|
||||
|
90. |
Таҳия ва қабули барнома ва нақшаи амалҳо оид ба таъмини баробарии гендерӣ, пешбинӣ намудани механизмҳои мониторинги амалгардонии барнома, гузаронидани машваратҳои миллӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни таҳияи барнома |
2023-2024 |
ДИП, ККЗО, гурӯҳи корӣ оид ба баробарии гендерӣ |
Лоиҳаи барнома ва нақшаи амалҳо таҳия шуда, механизмҳои мушаххаси мониторинги амалишавии он муайян гардид, дар ҷумҳурӣ на камтар аз 5 машварати миллӣ гузаронида шуданд, тавсияҳое, ки дар ҷараёни машваратҳо гирифта шуданд, омӯхта шуда, ба лоиҳаи барнома ҳамроҳ карда шуданд |
|
91. |
Такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» |
2023-2024 |
ДИП, ККЗО, гурӯҳи корӣ оид ба баробарии гендерӣ |
Қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд |
|
92. |
Таҳия (такмил)-и барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар бораи ҳуқуқи занон ва баробариигендерӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти намояндагӣ, судҳо, прокуратура, кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ
|
2023-2025 |
ВҲИ, СО, ПГ, ККЗО, вазорату идораҳо |
Таҳлили барномаҳои мавҷудаи таълимӣ гузаронида шуда, барномаҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар мақомоти давлатӣ таҳия карда шуданд ва дар асоси барномаҳои таҳиягардида тренинг ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодаанд, инчунин мониторинги самаранокии чорабиниҳои омӯзишӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешавад |
|
93. |
Омӯзиш ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи масъалаҳои гендерӣ |
2024-2025 |
ДИП, ККЗО, гурӯҳи корӣ оид ба баробарии гендерӣ |
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи масъалаҳои гендерӣ омӯхта шуда, такмил дода мешавад |
|
94. |
Таҳияи чорабиниҳои мақсадноки маълумотию маърифатӣ бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокии занон дар бораи ҳуқуқҳои худ ва воситаҳои мавҷудаи ҳимояи ҳуқуқӣ |
2023-2024 |
ККЗО, ВҲИ, вазорату идораҳо |
Барномаҳои махсусгардонидашуда дар телевизион ва радио таҳия карда шуда, маводди маълумотӣ дар бораи механизми қабул ва баррасии арзу шикоятҳо дар сомонаи мақомоти давлатӣ дарҷ гардид ва ин маълумот тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ паҳн мегардад |
|
95. |
Таҳияи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, хусусан духтарон, ки ба кори бисёрсоҳавӣ ва дар асоси принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак асос ёфтааст, инчунин таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва механизми пешгирӣ ва муҳофизат аз зӯроварӣ бо таваҷҷуҳ ба кӯдакон, махсусан духтарон |
2023-2024 |
ККЗО, ВҲИ, ВА |
Барномаи давлатӣ таҳия гардида, муҳокимаи васеъро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ гузашта, қабул шуд ва самарабахшона фаъолият дорад
|
|
96. |
Баррасӣ ва такмили Кодекси ҷиноятӣ дар қисмати пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ барои ҳама шаклҳои зӯроварии ҷинсӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, таҷовуз дар ақди никоҳ ва берун аз он ва роҳ надодан ба имконияти татбиқи авф ва бахшиши ҷазо нисбат ба ҷиноятҳои вобаста ба озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбати кӯдакон |
2023-2024 |
ДИП, ПГ, ВКД, ВА, ККЗО |
Тағйироти дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд |
|
97. |
Такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо мақсади татбиқи самараноки он |
2023 |
ВКД, ВА, ККЗО |
Тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни мазкур ворид шуданд |
|
98. |
Баррасии масъалаи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2025 |
ДИП, ККЗО, ВА, гурӯҳи корӣ оид ба баробарии гендерӣ |
Масъалаи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷиҳати таъсиси он таклифҳои мушаххас манзур гардиданд |
ОШОМИДАНӢ ВА ҲОЛАТИ САНИТАРӢ |
||||
|
99. |
Таҳияи механизми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ дар бораи шахсони бехона бо назардошти равиши ҳуқуқҳифзнамоӣ |
2023-2025 |
АО, ВКД, СО, ПГ, ВА, ВММША, ВҲИ, КРМ, КҶВ |
Механизми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ дар бораи шахсони бехона таҳия карда шуда, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ дар бораи шахсони бехона амалӣ гардида истодааст ва маълумоти оморӣ ҳангоми таҳияи барнома ва стратегияҳо, ки ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазир равона гардидааст, истифода мегардад |
|
100. |
Мукаммал намудани қонунгузории ҶТ, аз ҷумла Кодекси оби ҶТ бо назардошти афзалияти ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании бехатар ва ҳолати санитарӣ, инчунин афзалияти ҳуқуқи инсон ба истифодаи об барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва нӯшидан |
2023-2025 |
ВЭЗО, ВА, ВТҲИА, ВКХ |
Бо назардошти афзалияти ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании бехатар ва ҳолати санитарӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд |
|
101. |
Таъсиси Шӯрои миллии об |
2023-2024 |
ДИП, ВЭЗО, вазорату идораҳо |
Шӯрои миллии об таъсис дода шуда, низомномаи он таҳия ва қабул гардид |
|
102. |
Таҳия ва қабули стратегияи миллӣ дар соҳаи таъмини об ва ҳолати санитарӣ, ки масъалаҳои афзалияти таъмини об ва ҳолати санитарӣ дар деҳот, бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории гигиении партовҳо ва таъмини бехатари маҳфуздорӣ, интиқол, коркард ва ё нобудсозияи онҳо, таҷдиди назар намудани дастгирии молиявии иншооти партов ва нобудсозии партов, бо мақсади таъмини бехатарии об ба роҳ мондани механизмҳои самараноки мониторинг ва назорати сифати обро дар бар мегирад |
2024-2025 |
ВЭЗО, Шӯрои миллии об |
Бо назардошти афзалияти ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании бехатар ва ҳолати санитарӣ стратегияи миллӣ дар соҳаи таъмини об ва ҳолати санитарӣ қабул гардидааст |
|
||||
|
103. |
Таъмини муассисаҳои ёрии тотаваллудӣ, таваллудӣ ва кӯдакона бо воситаҳои ҳимояи фардӣ (ВҲФ) ва маводди безараркунанда |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Дар сохторҳои зикргардида мутахассисон бо ВҲФ таъмин буда, чораҳои пешгирии сироят дар муассисаҳо риоя мешавад |
|
104. |
Таҳия, тасдиқ ва дар амалияи тандурустӣ ворид намудани протоколҳои клиникӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Тамоми муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак бо протоколҳои клиникӣ таъмин буда, онҳоро дар амалия истифода мебаранд |
|
105. |
Таъсиси механизми машваратӣ бо ҷалби мутахассисон (равоншинос, генетик, мутахассиси соҳа) ва созмонҳои ғайридавлатии соҳавӣ барои расонидани кумак ба оилаҳое, ки дар онҳо таваллуди кӯдаки гирифтори нуқсон (синдроми Даун, патологияи ҳомила ва ғайра) пешгӯйӣ мешавад |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Механизми машваратӣ таъсис дода шуда, он самаранок фаъолият менамояд ва оилаҳое, ки дар онҳо таваллуди кӯдаки дорои шаклҳои муайяни ноқисиҳо пешгӯйӣ мешаванд, ёрии комплексии тиббӣ ва равониро мегиранд |
|
106. |
Таъсиси воҳиди кории равоншинос дар марказҳои перинаталӣ, таваллудхонаҳо оид ба кор дар соҳаи солимии репродуктивӣ |
2023-2025 |
ВТҲИА, ВМ |
Дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳангоми таваллуди кӯдак бо нуқсон дар инкишоф падару модар дастгирии равонӣ мегиранд |
|
107. |
Омода намудани равоншиносон дар сатҳи давлатӣ, ки ба падару модари кӯдакони дорои шаклҳои гуногуни нуқсон ёрии равонӣ мерасонанд
|
2023-2025 |
ВМИ |
Дар давраи таваллуд ва ҳангоми таваллуди кӯдак бо нуқсон дар инкишоф ба падару модар ёрии равонӣ расонида мешавад |
|
108. |
Иттилоотонии аҳолӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар бораи пешгирии бемориҳо ва саломатии репродуктивӣ |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Дар як сол на камтар аз 50 чорабинӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия гузаронида мешавад |
|
109. |
Васеъ намудани фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба занони ҳомила бо мақсади пешгирии гузаронидани ВНМО аз модар ба кӯдак ва ташхиси барвақтинаи ВНМО миёни навзодон |
2023-2025 |
МЗСЗН |
Кам кардани шумораи ҳолатҳои аз модар ба кӯдак гузаронидани ВНМО ва ташкили шароит барои ҳолатҳои мазкур |
|
110. |
Анҷом додани таҳлили вазъ ва таҳия намудани ҳуҷҷати стратегӣ (барнома, нақшаи соҳавӣ) оид ба солимии руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Ҳуҷҷати стратегӣ дар самти солимии руҳӣ тибқи муносибати ба ҳуқуқи инсон асосёфта қабул шуда, ба амал бароварда мешавад |
|
111. |
Васеъ намудани имкониятҳои духтарон ва писарони мубталои ВНМО бо роҳи баланд бардоштани малака ва донишҳои онҳо, ки барои эътирофи беморӣ ва амалӣ намудани қобилияти онҳо метавонад кумак намоянд |
2023-2025 |
ВТҲИА |
Наврасоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд |
|
112. |
Таҳкими амалҳо ҷиҳати ҳамгироии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳо дар самти солимии руҳӣ фаъолияткунанда |
2024-2025 |
ВТҲИА |
Раванди бақайдгирӣ, назорат ва солимгардонии беморон пурзӯр гардида, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ин самт васеъ мегардад |
|
||||
|
113. |
Қабули Кодекси маориф мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба таҳсил ва тавсияҳои ниҳодҳои СММ, инчунин ворид намудани ҳуқуқ ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир ҳамчун яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқ ба таҳсил |
2023-2025 |
ВМИ |
Кодеки маориф қабул гардид ва ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба таҳсил мутобиқ мекунад |
|
114. |
Омӯзиши масъалаи қабули консепсияи таҳсилоти фарогир ва самаранок |
2024-2025 |
ВМИ |
Консепсия қабул карда шуд
|
|
115. |
Андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани шумораи муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ |
2024-2025 |
ВМИ, МИМҲД |
Шумораи муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ зиёд карда шуд |
|
116. |
Ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намудани духтарон ва писарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ва таъмини онҳо бо шароити иҷтимоӣ ва таълимӣ |
2023-2025 |
ВМИ, ВММША, МИМҲД |
Фарогирии духтарон аз ноҳияҳои дурдаст ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ |
|
117. |
Ба гурӯҳи имтиёзнок дохил намудани кӯдакони дорои маъюбияти гурӯҳи сеюм ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ зиёд гардиданд |
|
118. |
Фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Фарогирии кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ |
|
119. |
Бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намудани стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсия ва рейтинги байналмилалӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Баланд бардоштани вазъи сифати таълим дар хамаи зинаҳои таҳсилот |
|
120. |
Зиёд намудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гиритфа шуданд |
|
121. |
Дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Фарогирии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ |
|
122. |
Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии равияи омӯзгорӣ бо забони ақаллиятҳои миллӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Мутахассисони равияи омӯзгорӣ бо забони ақаллиятҳои миллӣ омода карда мешаванд |
|
123. |
Таъмини муассисаҳои таълимии забони таълимашон ғайридавлатӣ бо китобҳои фаннӣ |
2023-2025 |
ВМИ |
Таъмини муассисаҳои таълимӣ (забони таълимашон ғайридавлатӣ) бо китобҳои дарсӣ |
|
124. |
Зиёд намудани дарсҳои иловагии забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои донишҷӯёни хориҷӣ ва намояндагони ақаллиятҳои миллие, ки забони тоҷикиро намедонанд |
2023-2025 |
ВМИ |
Барои донишҷӯёни хориҷӣ ва ақаллиятҳои миллие, ки забони тоҷикиро намедонанд, донистани забони давлатӣ |
ВА ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК |
||||
|
125. |
Таҳияи низоми ягонаи давлатии электронии маълумотдиҳӣ ба шаҳрвандон дар бораи ҷойҳои кории нав ва истифодаи мақсадноки он барои ба даст овардани кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби ихтисос, ҳифзи меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ аз бекорӣ |
2023-2025 |
ВММША |
Низоми ягонаи давлатии электронии маълумотдиҳӣ ба шаҳрвандон дар бораи ҷойҳои ории нав ва истифодаи мақсади он барои ба даст овардани кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби ихтисос, ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ таҳия гардида, фаъолият намуда истодааст |
|
126. |
Таҳияи механизмҳои таъмини шуғлнокӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва техникии касбӣ |
2023-2025 |
ВММША, ВМИ |
Механизми бо кор таъмин намудан таҳия ва тасдиқ карда шуд |
|
127. |
Таҳияи механизмҳои мутобиқ кардани шароити корӣ ба талаботи инфиродии ҷавонон, занон, аз ҷумла маъюбон |
2023-2025 |
ВММША |
Механизмҳо таҳия, тасдиқ ва дар байни корфармоён тақсим карда шуданд |
|
128. |
Таҳия ва қабули қарори Пленуми СО «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъин кардани чораҳои алтернативии ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда нисбати ноболиғон» |
2023-2025 |
СО |
Қарори Пленуми СО «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъин кардани чораҳои алтернативии ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда нисбати ноболиғон» қабул гардид |
|
129. |
Мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, адвокатҳо ва ВҲК дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, бозравонӣ ва кор бо қурбониёни зӯроварӣ/ҷиноят |
2023-2025 |
ВҲИ, ВА, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ |
Модулҳои таълимӣ ва нақшаи таълим таҳия ва тасдиқ карда шуданд ва дарсҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор гузаронида шуданд |
|
130. |
Такмили механизми баррасии шикоят бо дар назар доштани манфиатҳои беҳтарини кӯдак, аз ҷумла таҳияи низоми бозравонии шикоятҳои инфиродӣ |
2023 |
ВҲИ, ВА |
Механизми додани шикоят хуб фаъолият намуда истодааст, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад |
|
||||
|
131. |
Гузаронидани мониторинги раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон |
2024 |
ДИП, ВТҲИА, ВММША, ҶШ |
Мониторинги раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон гузаронида шуд |
|
132. |
Такмили қонунгузорӣ дар бораи муҳоҷират тавассути гузаронидани таҳлили комплексии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ҷиҳати таъмини мутобиқати он ба уҳдадориҳои байналмилалӣ, инчунин гузаронидани таҳлили санадҳои зерқонунӣ ва дохилиидоравие, ки ҳамоҳангии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро танзим менамояд ва дар асоси ин таҳлил таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба беҳтар кардани низоми идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравӣ равона карда шудааст |
2023-2025 |
ВММША, ВКД, ВКХ, КДАМ, АО ва аъзои дигари Комиссияи байниидоравӣ оид ба равандҳои муҳоҷират |
Таҳлили қонунгузории ҶТ анҷом дода шуда, дар асоси ин таҳлил санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда шуданд |
|
133. |
Андешидани чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ |
2023-2025 |
ВММША |
Мунтазам ҷамъоварии маълумот дар бораи оилаҳо ва кӯдакони аз ҷониби муҳоҷирон монондашуда гузаронида мешавад ва ба махзани маълумот оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҷойгир карда мешавад, оилаҳо ва кӯдакони бесаробонмонда ба мақомот дахлдор дар асоси талаботи инфиродӣ фиристода мешаванд ва механизмҳо барои ташкили парастории хешутаборӣ нисбати кӯдакони монондашуда ба сифати чораҳои муваққатӣ таҳия карда мешаванд |
|
134. |
Гузаронидани омӯзиши кормандони муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ оид ба паҳлӯҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ ва махсусан эҳтиёҷоти занони муҳоҷир ва занони аъзои оилаи муҳоҷирон дар раванди транзит ва расидан ба кишвари таъинот |
2023-2025 |
ВКХ, ВҲИ, ҶШ |
Кормандони муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ мунтазам аз омӯзиш оид ба паҳлӯҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ ва махсусан эҳтиёҷоти занони муҳоҷир ва занони аъзои оилаи муҳоҷирон дар раванди транзит ва расидан ба кишвари таъинот гузаронида мешаванд |
|
135. |
Таҳияи расмиёти дақиқ ва шаффофи пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои муассисаҳои консулӣ, аз ҷумла тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба маълумот дар сомонаҳои маълумотии ВКХ ва муассисаҳои консулӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра |
2023-2025 |
ВКХ, ВА, ВҲИ, ҶШ |
Саҳифаҳои алоҳида дар сомонаҳои ВКХ ва муассисаҳои консулӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои дигар саҳифаҳо дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои муассисаҳои консулӣ таъсис дода шуда, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дастрасии самаранокро ба маълумот дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои консулӣ пайдо намуданд |
|
136. |
Омӯзиши масъалаи таҳияи механизмҳои самараноки муқовимат ва баррасии арзу шикоятҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, махсусан муқаррар кардани муҳлати махсус барои баррасии муроҷиатҳо
|
2023-2025 |
ВКХ, ВА, ВҲИ, ҶШ |
Механизмҳои самараноки муқовимат ва баррасии арзу шикоятҳо таҳия ва татбиқ гардида, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо дастрасии фавриро ба муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ дар ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳои онҳо доранд |
|
16. ҲУҚУҚИ ГУРЕЗАҲО, ШАХСОНИ ПАНОҲҶӮЯНДА, КОҲИШ ДОДАН ВА ПЕШГИРИИ БЕШАҲРВАНДӢ |
||||
|
137. |
Такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони гуреза ва паноҳҷӯянда |
2023-2025 |
ДИП, ВКД, ВА, КДАМ |
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷӯянда такмил дода шуд |
|
138. |
Омӯзиши масъалаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони паноҳҷӯянда барои ғайриқонунӣ бе ҳуҷҷатҳои муайян ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2024 |
ПГ, КДАМ |
Аз натиҷаи омӯзиш таклифҳо дар хусуси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони паноҳҷӯянда пешниҳод гардиданд |
|
139. |
Таҳия ва пешниҳоди санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар бораи тартиби додани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он расмиёти муайян кардани мақоми гуреза мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ мешавад |
2023-2024 |
ВКД, КДАМ, ПГ |
Санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуд |
|
140. |
Баррасии масъалаи тасдиқ (ратификатсия)-и конвенсияҳо дар бораи вазъи шахсони бешаҳрванд аз соли 1954 ва дар бораи коҳиш додани бешаҳрвандӣ аз соли 1961 |
2023-2025 |
ВКД, ВКХ, ВА, КДАМ |
Таклифҳо дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия)-и конвенсияҳои мазкур пешниҳод карда шуданд |
|
141. |
Таҳия ва қабули расмиёти дақиқи муайян намудани вазъи шахси бешаҳрванд |
2023-2025 |
ВКД, КДАМ, ВКХ, ВА |
Расмиёти дақиқи муайян намудани вазъи шахси бешаҳрванд таҳия ва қабул гардид |
|
142. |
Баррасии масъалаи такмили қонунгузорӣ вобаста ба бақайдгирии таваллуди ҳар як кӯдак |
2023-2025 |
ВА, ВКД |
Масъала баррасӣ гардида, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд |
Рӯйхати ихтисораҳо:
ДИП – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВА – Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВКХ – Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВКД – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВҲИ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМ – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМД – Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВФ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВТҲИА – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМИ – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВММША – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВЭЗО – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
СО – Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СОИ – Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПГ– Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КРМ – Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
КҶВ – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ККЗО – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КДАМ – Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КА – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КДТА – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АНМН – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АНДММК – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХИ – Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон
ММҚ – Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СИҶҶ – Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИА – Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИҶ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
ҶШ – ҷомеаи шаҳрвандӣ