Тасдиқ менамоям,
муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои
байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон
Давлаталӣ Саид
«07» апрели соли 2020
Нақшаи миллии амалҳо
вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025
|
№ |
Рақами тавсия |
Номгуи чорабинӣ |
Муҳлати иҷро |
Иҷрокунан- дагон |
Натиҷаҳои иҷро |
|
1. |
Тавсияи 6 |
Ворид намудани омузиши меъёрҳои Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (минбаъд - Паймон) ба курсҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ инсон бо мақсади омузиш ва татбиқи муқаррароти он дар байни судяҳо, адвокатҳо, муфаттишон, кормандони макомоти тагакик ва прокурорҳо, дар амалияи судӣ татбиқ намудани муқаррароти Паймон |
мунтазам |
ВҲИ, СО, СК, ПГ, ВМИ, ВКД, КДАМ, АНДМК, АНМН, ИА |
Меъёрҳои Паймон ба курсҳои дахлдори таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ инсон ворид гардида, омузиши он ба роҳ монда шуд |
|
2. |
Тавсияи 8 |
1. Таъсис додани гурӯҳи корӣ ва омухтани таҷрибаи дигар давлатҳои иштирокчии Протоколи факултативии Паймон бо таваҷҷуҳ ба татбиқи мулоҳизаҳои умумии №33 (2008) Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон |
2020-2021 |
ДИП, ПГ, СО, ВКХ, ВА, КДАМ, ВШИ |
Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, омузиш гузаронида шуд ва таклифи мушаххас пешнинюд гардид |
|
2. Тарҳрезии низоми муайяни баррасии шикоятҳои инфиродӣ |
2021-2022 |
ДИП, ПГ, СО, ВКХ, ВШИ, ВА |
Низоми баррасии шикоятҳои инфиродӣ муайян гардид |
||
|
3. |
Тавсияи 10 |
Иҷро намудани нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тавсияҳои Зеркумитаи аккредитатсияи СММ |
2020-2022 |
ВҲИ, ВКХ, ВМ, ВА |
Аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳисобот пешниҳод карда шуд |
|
4. |
Тавсияи 12 |
1. Омузиши масъалаи такмили Кодекси ҷиноятии Ҷуҳмурии Тоҷикистон дар самти мазкур |
2020-2022 |
АНДМК, ПГ, СО, ВА, ВКД, КДАМ |
Омузиш гузаронида шуда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд |
|
2. Баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати вокуниш, тафтиш ва баррасии парвандагаои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта |
мунтазам |
АНДМК, ПГ, СО, вкд, КДАМ, АНМН |
Чорабиниҳои омузишӣ ва амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида шуд |
||
|
3. Гузаронидани мониторинги амалишавии қонунгузорӣ дар самти мазкур, аз лумла стратегияи муқовимат бо коррупсия |
2020-2022 |
АНДМК, ПГ, СО, ВА, ВКД, КДАМ |
Омузиш гузаронида шуда, таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд |
||
|
5. |
Тавсияи 14 |
1. Идома додани фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба масъалаи таҳияи конуни алоҳида вобаста ба муборизаи том бо табъиз ва такмили қонушьои алоҳида |
2020-2021 |
Гуруҳи корӣ, вазорату идораҳо |
Аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳаи санадҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод карда шуд |
|
2. Таъмини баррасии холисона ва ҳаматарафаи муролиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баӣри ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ва зуроварӣ вобаста ба аломатҳои тамоюли шаҳвонӣ ва гендерӣ |
мунтазам |
ПГ, ВКД, ВА, ВМИ, КДАМ, ККЗО, ВҲИ |
Натиҷагирии баррасии муролиатҳо оид ба табъиз |
||
|
3. Баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси риоя намудани ҳуқуқӣ инсон, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ |
мунтазам |
ПГ, ВА, ВКД, КДАМ, АНДМК, ВҲИ |
Дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд |
||
|
6. |
Тавсияи 18 |
1. Гузаронидани мониторинг ва таҳлили омории ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда аз ҷониби занон, ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади васеъ намудани имкониятнюи занон дар самти дастрасӣ ба хизмати давлатӣ ва ба мансабҳои роҳбарикунанда |
2020-2023 |
АХД, ККЗО, АО, ВҲИ, дигар вазорату идораҳо |
Аз натиҷаи мониторинг, таҳлили оморӣ ва ташхиси гендерӣ таклиф пешниҳод карда шуд |
|
2. Бланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию тахассусии занон ва духтарон ли^ати омода намудани онҳо барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда |
2020-2022 |
ККЗО, АХД, ВМИ, ВҲИ |
Курсҳои омузишӣ баргузор карда шуд |
|
|
|
3. Таҳлил ва ҷамъбасти амалияи судию тафтишотии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба бисёрникогаӣ, андешидани чораҳои қатъӣ оид ба баробарҳуқуии мардону занон, инчунин дар байни аҳолӣ бурдани корҳои фагамондадиҳ |
2020-2023 |
ПГ, СО, ККЗО, АХД, ВА, КТР, ВҲИ |
Таҷрибаи судию тафтишотӣ таҳлил ва ҷамъбаст гардида, таклифҳо пешнинюд шуд |
|
7. |
Тавсияи 20 |
1. Баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои норавоӣ ва оқибатҳои манфии зӯроварӣ нисбати занон, инчунин иттилоотонии мунтазами занон оид ба ҳуқуқи истифода аз ҳифз, кумак ва рӯёнидани ҷуброн |
мунтазам |
ККЗО, ВКД, ВМИ, ВТ1ВИА, МИМ1ВД, ВҲИ |
Чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои нораво! ва оқибатҳои манфии зӯроварӣ нисбати занон гузаронида шуд |
|
2. Гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони субъектҳои пешгирикунанда ва расонандаи кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила |
мунтазам |
ККЗО, СО, ВКД, ВМИ, ВТҲИА, вҳи, МИМ1ВД |
Семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд |
||
|
3. Такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ, муайянсозӣ ва таҳқиқи зӯроварии гендерӣ нисбати занон |
мунтазам |
ПГ, ВКД, КДАМ, дигар вазорату идораҳо |
Такмили ихтисоси кормандони прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд |
||
|
4. Мавриди таҳқиқ ва тафтиши пурра, холисона ва ҳаматарафа қарор додани ҳолатгаои зӯроварӣ нисбати занон, сари вақт ба паноҳгоҳҳо ва марказҳои буҳронӣ ва хизматрасониҳои марбута фаро гирифтани ҷабрдидагон |
мунтазам |
ПГ, ВКД, ВТ1ВИА, КДАМ, ККЗО, В1ВИ |
Натиҷагирӣ аз таҳқиқ ва тафтиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати занон ва фарогирӣ бо хизматрасониҳои марбута |
||
|
5. Идома додани фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила |
2020-2025 |
Гурӯҳи корӣ |
Таклифҳо ҷигаати такмили қонунгузорӣ манзур гардиданд |
||
|
8. |
Тавсияҳои 22 ва 24 |
Таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади омӯзиш ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда доир ба ҳолатҳои фавқулодда, муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва ҳангоми зарурат ба талаботи Паймон мутобиқ гардонидани онҳо |
2020-2022 |
ДИП, ПГ, СО, КҲФМГ, ВА, КДАМ, ВҲИ |
Таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда гузаронида шуда, таклифгаои мушаххас пешнинюд гардиданд |
|
9. |
Тавсияи 28 |
Ба анҷом расонидани омузиши масъалаи тасдиқ намудани Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймон |
то ҳалли масъала |
Гуруҳи корӣ |
ГурӯҲи корӣ вобаста ба натиҳаи омузиш таклифи мушаххас манзур намуд |
|
10 . |
Тавсияи 30 |
1. Таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи муроҷиатҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон, таҳлили ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои маърумӣ аз озодӣ, расонидани ёрии тиббии шоиста ба маҳкумшудагон, сари вақт огоҳ намудани оилаҳои ҷабрдидагон дар тамоми марҳилаҳои тафтишот, инчунин тафтиши ҳаматарафаи ҳолатҳои фавт дар муассисаҳои ислоҳӣ |
2020-2022 |
ВА, ПГ, СО, КДАМ, ВМ, ВТҲИА, ВҲИ |
Дар самти мазкур чораҷӯӣ карда шуд |
|
2. Таъмин намудани қисмпьои тиббии тавқифгҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, доруворӣ ва мутахассисони тиб, инчунин дар марҳилаҳои муайян аз муоинаи тиббӣ гузаронидани шахсони дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қарордошта |
2020-2022 |
ВА, ПГ, ВКД, ВМ, ВТШИА, КДАМ, ВҲИ |
Қисмҳои тиббии тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳи бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, доруворӣ ва мутахассисони тиб таъмин карда шуд |
||
|
11 . |
Тавсияи 32 |
1. Ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ ва семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният ҷиҳати баланд бардоштани малакаи онҳо вобаста ба муносибати башардустона ва пешгирии шиканҷа нисбати маҳкумшудагон |
мунтазам |
ПГ, ВКД, КДАМ, ВА, АНДМК, АНМН |
Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ курсҳои бозомӯзӣ ва семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба муносибати башардустона ва пешгирии шиканҷа нисбати маҳкумшудагон ташкил ва гузаронида шуданд |
|
2. Гузаронидани мониторинги иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба манъи истифодаи далелҳое, ки тариқи истифодаи шиканҷа ба даст оварда шудаанд, инчунин баррасии масъалаи ҷуброни пурраи зиён ба ҷабрдидагон ва оилаи онҳо расонидашуда |
2020-2021 |
ПГ, СО, ВКД, ВА, КДАМ, АНДМК, АНМН, ВҲИ |
Мониторинг гузаронида шуд ва вобаста ба ҷуброни пурраи зиёни ба ҷабрдидгон ва оилаи онҳо расонидашуда таклиф пешниҳод карда шуд |
|
12 . |
Тавсияи 34 |
1. Таҳия ва қабули қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ намудани меъёрҳои бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд |
2020-2021 |
СО, ПГ, ВА, ВКД, КДАМ |
Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид |
|
2. Таъсиси гуруҳи корӣ барои омӯзиши шароити нигоҳдории маҳбусон бо таваҷҷуҳ ба қоидаҳои ҳадди ақали стандартҳои муносибат бо маҳбусон, аз ҷумла расонидани кумаки тиббӣ ва саривақтӣ ба онҳо |
2020-2021 |
ВА, ПГ, КДАМ, ВТҲИА, ВҲИ |
Омӯзиши вазъи нигоҳдории маҳбусон ва таҳлили дахлдори қоунгузорӣ гузаронида шуда, таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд |
||
|
3. Мониторинги муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади дарёфт ва бартараф кардани ҳолатҳои амалҳои ғайриҷонунӣ дар муассисаҳои мазкур |
2020-2023 |
ПГ, ВА, КДАМ, ВҲИ |
Мониторинг гузаронида шуд |
||
|
4. Омузиши имконияти гузаронидани мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх |
2021 |
ВА, ПГ, КДАМ, ВКД, АНДМК, АНМН, ВҲИ |
Омузиш гузаронида шуда, таклифҳо пешниҳод гардиданд |
||
|
13 . |
Тавсияи 38 |
1. Таъсис додани гурҳҳи корӣ ва омузиши қонунҳои конститутсионии Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи прокуратура» ҷиҳати мутобиқати онҳо ба Паймон ва стандартҳои байналмилалӣ |
2020-2021 |
СО, СОИ, ПГ, ВА, КДАМ, ВҲИ |
Аз натиҷаи омузиш таклифи мушаххас пешниҳод карда шуд |
|
2. Омузиши масъалаи бозбинии ваколатҳои мақомоти прокуратура |
2020-2021 |
ВА, ПГ, СО, КДАМ, ВҲИ |
Таклифҳо оид ба бозбинии ваколатҳои мақомоти прокуратура пешниҳод гардиданд |
||
|
3. Ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ барои судяҳо оид ба гузаронидани мурофиаҳои судӣ бо таваҷҷуҳ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои мурофиаи одилона, принсипи баробарии тарафҳо ва ба инобат гирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ |
мунтазам |
СО, СОИ, ВА, ВҲИ |
Семинарҳои омӯзишӣ барои судяҳо гузаронида шуданд |
|
14 . |
Тавсияи 40 |
Таъсиси гуруҳи корӣ ҷигаати таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти адвокатура ва фаъолияти адвокатҳо ва дар ҳолати зарурӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур |
2020-2022 |
ВА, ПГ, СО, КДАМ, ВҲИ |
Таҳлили дахлдори санадгаои меъёрии ҳуқуқи гузаронида шуда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд |
|
15 . |
Тавсияи 42 |
Чораандешии маҳмуӣ бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ва бе асосҳои қонунӣ ба маълумоти шахсӣ, инчунин таъмини ҳифзи самараноки ҳуқуқи манфиатҳои ҷабрдидагон |
2020-2021 |
ПГ, СО, КДАМ, ВКД, АНДМК, ВА, ХА, ВҲИ |
Чораҳои дахлдор андешида шуданд, аз ҷумла таҳлили дахлдори қонунгузорӣ анҷом ёфта, аз натиҷа чораҷӯӣ карда шуд |
|
16 . |
Тавсияи 44 |
1. Таҳлили қонунгузории соҳавӣ ва амалияи татбиқи он дар асоси омузиши таҷрибаи дигар давлатҳо |
2020-2022 |
КДТАҚМ, ПГ, СО, КДАМ, ВҲИ, ММК |
Амалияи татбиқи қонунгузории соҳавӣ тибқи таҷрибаи дигар давлатҳо таҳлил карда шуд |
|
2. Роҳандозӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ доир ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ |
мунтазам |
КДТАҲМ, ККЗО, ВА, ВҲИ |
Чорабиниҳо доир ба таъмини татбиқи самараноки озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ амалӣ карда шуданд |
||
|
3. Баргузор намудани мулоқоту мизҳои мудаввар бо мақсади таҳкими таҳаммулпазирӣ байни пайравони дину мазҳабҳо |
мунтазам |
КДТАҲМ, ПГ, СО, ВА, ММҚ, ВҲИ |
Барномаҳои омузишӣ баҳри таҳкими таҳаммулпазирӣ татбиқ гардиданд |
||
|
17 . |
Тавсияи 46 |
Баррасии масъалаи татбиқи самараноки хизмати алтернативӣ дар қонунгузории Тоҷикистон |
2020-2022 |
ВМд, ПГ, ВА, ВКД, КДАМ, ВҲИ |
Таклиф пешнинюд карда шуд |
|
18 . |
Тавсияи 48 |
1. Гузаронидани чорабиниҳо ҷигаати ошкор ва пешгирии монеаҳо вобаста ба дастрасии иттилооте, ки мақомоти давлатӣ дар ихтиёри худ доранд |
2020-2021 |
ПГ, СО, ВКД, КДАМ, ВҲИ, КТР |
Чорабиниҳо баргузор гардида, монеаҳо бартараф карда шуд |
|
2. Чораҷӯӣ ҷиҳати тибқи қонунгузорӣ дар муҳлати муайяншуда пешнинюд кардани вокуниш ба дархостҳои воситагаои ахбори омма |
мунтазам |
ПГ, СО, ВКД, КДАМ, ВҲИ, КТР |
Чораҳои дахлдор, аз ҷумла ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабои қонунгузорӣ татбиқ карда шуд |
|
|
|
3. Таҳлили қонунгузорӣ оид ба мутобиқати он ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи озодии сухан |
2020-2021 |
ВФ, КТР, ХА, ПГ, ВА, ВҲИ |
Таҳлил гузаронида шуда, таклиф манзур карда гардид |
|
4. Баргузор намдани мизи мудаввар бо иштироки рузноманигорон ҷиҳати таҳлили қонунгузории гражданӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо |
мунтазам |
ВФ, КТР, ВКД, ПГ, ВА, ВҲИ |
Барои рузноманигорон вобаста ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо мизи мудаввар баргузор карда шуд |
||
|
19 . |
Тавсияи 50 |
Таҳлили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи озодии ҷамъомадҳо дар иртибот бо мувофиқати он ба муқаррароти Паймон |
2020-2023 |
ВА, ПГ, ВКД, КДАМ, ВҲИ |
Таҳлил гузаронида шуда, таклиф пешниҳод карда шуд |
|
20 . |
Тавсияи 52 |
Таҳлили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи озодии муттаҳидшавӣ дар иртибот бо мувофиқати он ба муқаррароти Паймон |
2020-2023 |
ВА, ПГ, ВКД, КДАМ, ВҲИ |
ТаҲлил гузаронида шуда, таклиф пешниҲод карда шуд |
|
21 . |
Тавсияи 55 |
1. Ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо доир ба мавзуъҳои мубрами ҷамъиятӣ ва баррасишаванда |
2020-2021 |
ВА, КМИР, ПГ, ВКД, КДАМ, ВҲИ |
Конференсияҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда шуд |
|
2. Таҳлили қонунгузорӣ оид ба интихобот дар робита бо мутобиқати он ба муқаррарори Паймон |
2020-2021 |
ВА, КМИР, ПГ, ВКД, КДАМ, ВҲИ |
Таҳлил гузаронида шуда, таклиф пешниҳод карда шуд |
РУЙХАТИ ИХТИСОРАҲО:
- ДИП -Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон
- СК - Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тюъикистон
- СО - Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- СОИ - Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ПГ - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КМИР - Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тюьикистон
- АНДМК - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- АНМН - Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- АО - Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- АХД - Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВА - Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВКД - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВКХ - Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВМ - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВМд - Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тюъикистон
- ВМИ - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВТҲИА - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВФ - Вазорати фаргаанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КДАМ - Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КҲФМГ - Кумитаи ҳолатгаои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КДТАҶМ - Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ККЗО - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- КТР - Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ХА - Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ВҲИ - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ММҚ - Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- МИМҲД - мақомоти и.ъроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
- ИА - Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон