Таъмини шаффофият ва поквиҷдонӣ, роҳандозии идоракунии корпоративӣ дар бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории соҳавӣ бо аҳли тиҷорат, дар ҳамин замина дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» 12 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» ташкил ва баргузор намояд.
Дар назар аст, ки дар кори форум намояндаҳои воломақоми Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, тоҷирон, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ ва намояндагон аз мақомоти салоҳиятдори хориҷи кишвар ширкат варзанд.
Зимнан, аз соҳибкорон, аҳли тиҷорат ва намояндагони бахши хусусӣ таклиф ба амал оварда мешавад, ки дар кори форуми байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати бақайдгирӣ то санаи 5 декабри соли 2025 ба рақамҳои +992-88-000-63-29 ва +992-91-976-00-46 муроҷиат намоед.
Маркази матбуоти Агентӣ