Ба таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ расонида мешавад, ки соли ҷорӣ муҳлати Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ба итмом мерасад.

Айни замон, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) аз тарафи гуруҳи корӣ мавриди таҳия қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия, андешидани чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки таклифҳои худро вобаста ба Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) то санаи 1 ноябри соли 2025 унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғаи электронӣ: rmk@anticorruption.tj) пешниҳод намоед.

Хоҳишмандем, аз пешниҳоди маълумоти рӯякӣ, бе таҳлил ва хусусияти умумидошта қатъиян худдорӣ карда шавад.

Маркази матбуоти Агентӣ