Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба нақша гирифтааст, ки давоми соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) гузаронида шавад.

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31 Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот зарурати гузаронидани таҳлили муносибати мутақобилаи ташкилотҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷой дорад.

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфу амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, дастрасии иттилоот, фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо маълумот, таклиф ва пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи «info@anticorruption.tj» ирсол намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ