Моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маҷлистгоҳи МДТ «Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе» мизи мудаввар дар мавзӯи: «Тақвияти механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рушди давлатдории муосир» ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он роҳбарият ва шахсони масъули муассиса, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабиниро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаи баррасишаванда ибрози андеша карданд. Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ вобаста ба масъалаи муқовимат бо коррупсия дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мушкилотҳои ҷойдошта ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб маърӯза намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ