Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки хати оби полезӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида дар мавзеи дашти Қозӣ аз масофаи 1 ҳазору 280 метр кашида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз Ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, ҳосили он асосан, барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ

Оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ   14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав дар давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта ба истифода дода мешаванд. 

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85 фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99, 5 фоиза мебошад. 

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи нави ҶСП " ТАЛКО Голд" истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида,  боз зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.  Дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бошад, бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ   14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ин мавзеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи “Кохи Олимп” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи “Кохи Олимп” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии “Кохи Олимп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Толори варзишии “Кохи Олимп” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сафед-дара” бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.

“Кохи Олимп” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат”-ро ифтитоҳ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия - соҳибкори ватандӯст Исоев Исматулло бунёд гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Закия” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Закия” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии “Закия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии иншоот 2743 метри мураббаъро ташкил намуда, бино дар масоҳати 1108 метри мураббаъ сохта шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон-русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён бо ба инобат гирифтани малакаи касбӣ тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи “The Rumi Hotel and Residences” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи “The Rumi Hotel and Residences” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс”-ро (The Rumi Hotel and Residences) мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Меҳмонхонаи замонавии 4 ситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда дар меҳмонхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд

Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд  10.02.2022

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кул тӯҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.  

Оилаҳое, ки соҳиби манзили замонавии истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин оилаҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сармоя сохтмон” дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсолоти ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расонидаанд.

Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мебошад. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи истиқоматӣ шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда шуда, ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимони кул, ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кӯмаки молӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ