Ифтитоҳи бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.12.2023

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити кории фароҳамшуда дар бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ шинос шуданд. 

Бинои мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Иншоот дар майдони 864 метри мураббаъ қомат афрохта, аз таҳхона ва 7 ошёна, ки масоҳати умумиашон 6702 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат мебошад.

Бинои нави иловагии маъмурӣ дорои 93 ҳуҷраи корӣ, 4 толори машварат, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон ва ошхона барои 180 ҷой мебошад. Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва толори машқи бадан ҷойгир карда шудааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти нав воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ - Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст.

Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.

Дар асоси супориши Сарвари давлат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт.

Марказ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои батанзимдарории фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ карда шаванд.   

Дар Марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ шинос шуда, сипас дар толори маҷлис бо сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷиикистон суҳбати самимӣ оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони прокуратураро ба масъалаҳои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти хариду фуруши замин, тоза кардани сафи сохтор аз нафарони ба коррупсия дастзананда, риояи яксони Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо ҷалб карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба коргарони масъули Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин мақсад боз ҳам бештар аз худ кардани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба кормандони Марказ дастуру ҳидоятҳо доданд.

“Шумо кормандони прокуратура бояд чашму ҳуши даввлат бошед”, - таъкид карданд, Президенти мамлакат дар охири суҳбат.

Супоришҳои дигар ба кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дода шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 15.11.2023

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он ва пешгирӣ намудани болоравии нархҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме арзёбӣ гардид, ки бояд ба ҳаллу фасли онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аз Президенти мамлакат ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда, пурра омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 - 2024 ва иҷрои барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ супориш гирифтанд.

Ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқшудаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои муассир андешанд.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастур дода шуд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ба итмом расонидани кишти тирамоҳӣ, мавсими ниҳолшинонии тирамоҳӣ ва дигар корҳои мавсимӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки захира кардани тухмиҳои репродуксияи баланд, ташкил кардану рушд додани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд таҳти назорати доимии роҳбарону мутахассисон қарор дошта бошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани се - чор ҳосил аз заминҳои корами обӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Барои мусоидат ба рушди соҳаҳои парандапарварию чорводорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори истеъмолӣ чораҳои дахлдор андешанд.

Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ аз тадбирҳои иловагӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ гардид.

Вобаста ба вазъи имрӯзи ҷаҳон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як хонаводаро ҳушдор сохтанд, ки дар фикри таъминоти худ бошанду ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳтоҷӣ накашанд.

Барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корҳоро ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чорум фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ боз ҳам вусъат бахшанд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф кардани раванди таълиму тарбия дар се баст, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои зиёди вилоят ташкил кардани инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаро тақозо мекунад.

Дар машварати корӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бартараф кардани камбудиҳои зикршуда, таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.

Дар охири кори машварат Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Суғд минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода буда, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи корҳо дар бахшҳои иқтисоди миллии вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон 09.11.2023

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 08.11.2023

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо карданд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва

- Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.

Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, бо изҳорот баромад карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 08.11.2023

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд буд.   

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифт.

Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ сурат гирифт. Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон шарти муҳим дониста шуд.

Пешвои миллат тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ карданд.

Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар мавриди зикр қарор гирифт.

Ҳамчунин, зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030  таъкид гардид.

Гузашта аз ин, роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.

Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо аз баргузории доимии Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд  ҷонибдорӣ намуданд.

Идомаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар донистанд.

Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо, ҳамчунин, аз самтҳои  ояндадор дар муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон эътироф гардиданд.

Бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид.

Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби   созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шуд.

Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва  дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат   25.10.2023

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.  

Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат   25.10.2023

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.  

Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 25.10.2023

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар маркази шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд. 

Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дорои 25 синфхона, аз ҷумла 7 толори барҳавои лексионӣ  ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.  

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 7 факултет ва 12 кафедра амал мекунад.

Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ - ташхисӣ, кори тиббӣ - офиятӣ,  кори момодоягӣ ва тиббӣ - профилактикӣ омода карда мешаванд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 2 ҳазору 424 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 2 ҳазору 110 нафари онҳо духтар ва 314 нафар писар мебошанд. Дар коллеҷи мазкур 210 омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар доктори илмҳои тиббӣ ва биологӣ, 9 нафар номзадҳои илм, 3 нафар доктор Пиэйҷдӣ (PgD) ва 33 нафар омӯзгорони ҷавони соҳибтахассус фаъолият менамоянд, ки ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, фанҳои морфологӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика  ва Маркази таълимӣ - клиникӣ таъсис дода шудааст.

Дар таҳхонаи бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ ошхона бо 60 ҷойи нишаст, китобхонаи барҳаво бо зиёда аз 25 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза донишҷӯён аз ин ганҷинаи илму хирад бо самар истифода менамоянд. Толори китобхона 60 ҷойи нишаст дорад. Инчунин дар китобхона 10 ҳазор нусха адабиёти зарурӣ дар шакли электронӣ махфуз буда, компютерҳо ба шабакаи байналмилалии интернет пайваст гардидааст.

Дар ошёнаи сеюми бинои нав бо 160 ҷойи нишаст толори маҷлисӣ сохта шудааст, ки минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар ин толори барҳаво баргузор карда мешавад. Толори маҷлисӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Раванди таълим дар коллеҷ тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Бинои навбунёди коллеҷ бо шабакаи мустиқили гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, дар фасли зимистон гарм карда мешавад.

Дар шафати бинои иловагии таълимӣ толори барҳавои варзишӣ ва майдончаи муосир барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон шароити мусоид фароҳам гардид. Толори варзишӣ дар масоҳати 335 метри мураббаъ ва майдончаи замонавӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ватандӯсту хештаншиносро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати омӯзгорон арзёбӣ карданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ