Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ дар шаҳри Душанбе

 

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Ба ғайр аз Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз аввали сохтмон то имрӯз дар маҷмӯъ дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи муосири варзишӣ дар мавзеъи хеле дилфиреб, дар болои боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо бунёд мегардад.

Дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузурги барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд.

Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Аз ҷумла, 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда то пиронсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳо бо баландиҳои 1.5, 3, 7 ва 10 метр мутобиқ ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта мешаванд.

Дар ҳавзи шиноварии болокушода 3 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об ва дар қасри намудҳои варзиши обӣ 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кутоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об, гузаронидан мумкин аст. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудааст.

Баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои назорат аз рӯи корҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.