Баргузории сӯҳбату вохӯрии кормандони Агентӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа” сӯҳбату вохӯрии судманд доир гардид.

 

 Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ карда, нақши ҷавононро дар роҳи мубориза бо коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баланд арзёбӣ намуданд.

 

 Ҳамзамон ба иштирокчиён мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия фаҳмонида дода шуд.

 

 Дар навбати худ устодону донишҷуёни донишгоҳ доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Конфронси маҷозии илмӣ-амалӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти муқовимат ба коррупсия дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

 Дар конфронс кормандони Агентӣ, намояндагони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои воқеии пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ки бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ содир мешаванд, табодули таҷриба намуданд.

 

 Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии ҳарду кишвар заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Иштироки кормандони Агентӣ дар мизи мудаввар

 Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат пайваста аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Яке аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафи болозикр ин баргузор намудани

 

 Конфронсу семинар, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ диққати қишрҳои гуногуни ҷомеа дар масоили муқовимат ба коррупия боз ҳам бештар ҷалб карда мешавад. 

 

  Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентӣ мизи мудаввар доир гардида, натиҷаи хулосаҳои экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии маҷозӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 марти соли 2023 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо иштироки коршиносони мақомотҳои зикршуда ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ доир гардид.

 

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи меъёрҳои поквиҷдонӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, қоидаҳои рафтор, фаъолияти самараноки сохторҳои назорати дохилии вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Вохурии кормандони Агентӣ бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Паём

 Давоми моҳи марти соли 2023 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардидааст, бо масъулини 15 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии судманд доир гардид.

    

 Дар ҷараёни вохӯри ба иштирокдорон мазмуну муҳтавои нуктаҳои Паёми Сарвари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таълиму тарбияи ҷавонон, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва амсоли инҳо, ки боиси баланд шудани масъулият ва ҳисси миллию ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат мегардад, фаҳмонида дод шуд.

 

 Дар фарҷом иштирокчиён атрофи мавзӯъ ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус

 14 марти соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юревич баргузор гардид.

 

 Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

 Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail

Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Муъминобод

 25 феврали соли 2023 тибқи Нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бинои осоишгоҳи ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо иштироки муовинони раиси ноҳия ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

 

 Қабули шаҳрвандон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сурат гирифта, зимни он оид ба муроҷиатҳои шифоҳии шахсони воқеӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмонида шуда, вобаста ба дигар мавзуъҳои муроҷиаткунандагон чораҳои дахлдор андешида шуд.

 

 Илова бар ин, масъулини Агентӣ дар доираи сафари корӣ бо фаъолон ва кормандони муассисаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои давлатиро дар ин самт ба самъи иштирокчиён расониданд.

 Дар навбати худ аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифтротӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.  

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории сӯҳбату вохӯриҳои кормандони Агентӣ дар муассисаҳои олии кишвар

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ масъулини Агентӣ бо донишҷуён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, механикаю мамематика, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, геология, филология, забон ва адабиёти рус, забонҳои Осиё ва Аврупо ва журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

 

 Ба ҳозирин роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) фаҳмонида шуда, дар навбати худ иштирокчиён низ доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

 

 Чорабиниҳои болозикр ба таври мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ