Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия (Хадамоти зиддикоррупсионӣ)

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Раиси Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, генерал-майори хадамоти зиддикоррупсионӣ Жумағали Асхат Жумағалиули мулоқот анҷом дод.

 

Зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, дар раванди он “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия (Хадамоти зиддикоррупсионӣ)” ба имзо расонида шуд.

 

 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ёддошти мазкур ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои байниидоравӣ таъсири мусбӣ расонида, дар роҳи муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ҷаласаи 10-уми Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1 майи соли 2023 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро доир гардид.

 

Дар ҷаласа натиҷаҳои мониторинги маҷмӯии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), тадқиқоти сотсиологӣ оид ба муқаррар намудани сатҳи коррупсия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ҳолати иҷрои Нақшаи кори Шӯро дар соли 2022, раванди татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва дигар масъалаҳои марбут ба муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Шукурова Фирӯза Пулатовна дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ Худогуева Гулбаҳор Халифаевна ва муҳосиби молии муассисаи мазкур Мухамедрахимова Зебогул Мухамадиевна зимни фаъолияти кориашон бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задаанд.

 

 Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1540703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шукурова Ф.П., Худогуева Г. Х. ва Мухамедрахимова З.М. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматӣ

 Пулотов Музаффар Маъмурович ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор карда,  зимни фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан, ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо ба манзили номбурда маблағи 33000  сомониро бо роҳи фиреб гирифта, тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Пулотов Музаффар Маъмурович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои ба тариқи кредит додашуда

 Мудири муассисаи томактабии №27 шаҳри Хуҷанд Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси қарзии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Раҳимбоев Маликхуҷа Мӯминҷонович бо сӯиистифодаи ваколат бархилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллари ИМА ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.

 

 Минбаъд номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф намуда, ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба ташкилоти қарзӣ зарари моддии махсусан калон расонидаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Сабуров Фаррухҷон Бозорович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Муъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронида, тасарруф намудааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сабуров Фаррухҷон Бозорович бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

 Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович дар вазифаи раиси қамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани қарори вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га ва минбаъд шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ба ин қитъаи замин ба сифати пора 17.000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар ду ҳолат 12.000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст.

 

 Дар натиқаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Каримов О. Т. ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 5 000 сомонӣ дар қойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

 

 Дар ин хусус, нисбати Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои вобаста намудани қитъаи замин

 Файзуллозода Парвиз зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи сардори раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 20 000 доллари ИМА талаб намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ