Қаллобии корманди идораи замин

 

Раҳимзода Аскар Зоирҷон дар вазифаи сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор кор карда истода дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҳимзода А.З. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

  

     Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ