Қаллобӣ барои интиқоли донишҷӯ

 

Қурбонов Комрон Эраҷович дар вазифаи муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои интиқол додан аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов К.Э. баъди бевосита аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса, боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Нисбати Қурбонов Комрон Эраҷович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз гузаронидани тамоми амалҳои тафтишӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

           Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ