Қаллобӣ барои дохил намудан ба донишгоҳ

 

Маҳмадализода Зокир Давлатали дар вазифаи ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва гирифтани баҳои имтиҳон дар се ҳолат ҷамъ маблағи 7250 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накардааст.

Нисбати Маҳмадализода Зокир Давлатали бо аломатҳои пешбининамудаи  моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ