Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун усули самарноки пешгирии коррупсия

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои август - декабри соли 2021 дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда, аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31- и Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад. Аз ин рў, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии «infoanticorruption.tj» ирсол намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ