Тасарруфи маоши кормандон бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ

 

Муллоев Темур Тоҷиддинович дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо  роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст.

Бинобар сабаби он, ки Муллоев Т.Т. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, ҷои буду бошаш муайян нест, нисбати ӯ дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ғоибона айб эълон карда шуда, кофтукови ӯ эълон карда шудаст.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ