Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакори

 

Комилзода Шариф дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати собиқ директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Ш. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ