Гирифтани пора барои додани билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарбӣ

 

24-567c070fd58a4-Каримов Фаррух Икромович дар вазифаи комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кор карда бо истифодаи мақоми хизмати бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт дидаю дониста, ки даъватшаванда Шарипов Мақсад гирифтори бемории қалб мебошаду ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намудан аз рӯи хулосаи комиссияи тибби имконнопазир аст барои додани билети ҳарбии ғайри қобили хизмати маблағи 3000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти Каримов Фаррух Икромович, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён ба воситаи миёнарав Ҷумаев Сайраҳмон Абдураҳмонович, ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Каримов Фаррух Икромович, бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.