Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков

 

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.    

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар мушкилоти глобалию таҳдидҳои ҷаҳон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории муштарак бо бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, СААД ва ИДМ, ба хотири ташаккули муколамаи созанда изҳори қаноат карданд.

Таъкид гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2020” қабул намуд. Ин стратегия ба амалисозии маҷмӯи чораҳои ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ нигаронида шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.