Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

 

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.
Меҳмононро Сарвари кишвари мизбон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Дар толори Қасри “Оқ Орда” дар ҳошияи кори ҳамоиш маросими аксбардории сарони давлатҳо баргузор шуд.
Зимни суханронии хеш Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарони давлатҳоро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба онҳо аз номи мардуми тоҷик сулҳу субот, рӯзгори хуш ва саодату шукуфоӣ орзу карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни онҳо табодули озод ва судманди афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ - ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд.
Зиёда аз ин афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ давлатҳои минтақаро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми воситаҳои мавҷуда ва вокуниши фаврӣ бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва радикализми динӣ якҷоя муқовимат намоянд.
Бино ба андешаи иштирокчиёни мулоқот ҳалли масъалаҳои мазкур самти муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошад, зеро дигаргуншавии вазъ дар як мамлакат ба амнияти тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми имкониятҳо баҳри таҳқими ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуданд, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.
Дар ин робита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуданд. Ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд.
Яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд:
“Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард.
Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд”.
Сарвари давлат ҷиҳати рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Бино ба андешаи Президенти мамлакат, иншоотҳои мавҷуда ва бунёдшавандаи гидроэнергетикӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу энергетика дар минтақа аҳамияти бузург доранд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва илмию техникӣ изҳори андеша карданд.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад.
Ҳамкории минтақавиро яке аз заруриятҳои бебаҳси замон номида, аз дигаргуниҳои мусбати вақтҳои охир дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии қатъии тамоми кушишу талошҳо бо мақсади истифодаи имкониятҳо баҳри рушди тарафайни кишварҳои минтақа мавқеи устувори худро эълон доштанд.
Дар охир Президенти мамлакат изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои бобарори Мулоқоти кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили таҳкими раванди беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони минтақаи мо мегардад.
Дар охири кори ҳамоиш Изҳороти муштараки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул гардид.
Дар бораи натиҷаҳои Мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ орост.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.