Гуфтаҳо :

Қаллобии иҷрочии калони Суди ноҳияи Бохтар

 

Нурализода Нуралӣ дар вазифаи иҷрочии калони Суди ноҳияи Бохтар кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани фоида бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, барои аз манзили истиқоматиаш кучонидани ҳамсараш 10.000 сомон талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 4000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 6000 сомониро талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нурализода Нуралӣ Тоҳир хангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 6000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Нурализода Нуралӣ Тоҳир бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда , тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.