Гуфтаҳо :

ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ) ДАР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои феврал-апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи вазорату идораҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.
Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31-и методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи вазорату кумитаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.
Аз ин рў, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии « Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. » ирсол намоянд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.