Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ

 

Бобоқулзода Назар Хурсанд, ки қаблан солҳои 2009 ва 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд, аз ин ҳолатҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Алимназарова С.А. барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус маблағи 5.039 сомонӣ талаб карда гирифт.

Инчунин, Бобоқулзода Н.Х. моҳи марти соли 2019 аз шаҳрванд Муродов К., барои ба манифаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, маблағи 23.000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.

Ғайр аз ин, Бобоқулзода Н.Х. бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Бобомуродов Р. маблағи 100.000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намуд.

Доир ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Бобоқулзода Назар Хурсанд бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

 

         Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ