Ошкори ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани шахси ҳуқуқӣ ва саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Зоиров А.Н. қасдан ва бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019», дидаву дониста аз он ки ҷамъиятҳои зикршуда ба номи дигар нафарон ба қайд гирифта шудаанд, бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амал намуда, дар асосои маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Шукуров М.Р. ғайриқонунӣ ҳамчун роҳбар ва муассиси ҷамъият фаъолият намуда, ин ҷамъиятҳоро истифода бурданд.

 

Дар ин замина, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. тибқи нақшаи ҷиноятии тарҳрезинамудаашон амал карда, аз моҳи апрели соли 2023 то инҷониб ба воситаи ҷамъиятҳои болозикр аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ молу маҳсулоти нафарони гуногунро ворид намуда, аз маблағи умумии молҳои воридгардида ғайриқонунӣ аз 3 то 3,5% ҳамчун ҳаққи хизматрасонӣ гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиашон хароҷот намудаанд.

 

Ҳамзамон, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ зимни истифодаи ғайриқонунии ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳодшавандаро носаҳеҳ тартиб дода, манбаи андозбандишавандаро ниҳон дошта, бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои қалбакӣ ҷамъ ба маблағи 1469299 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳояш маблағи 1911034 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ карданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо моддаҳои 260 қисми 2 банди “б” ва 292 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ