Ҳайати Шӯрои миллӣ аз Раис, аъзо ва котиб иборат аст. Раиси Шӯрои миллӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аъзои Шӯрои миллӣ инҳо мебошанд:
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо;
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ;
- Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният";
- Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;
- Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил доранд;
- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;
- Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
- Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон;
- раиси ташкилоти ҷамъиятии "Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон;